wrapper

Варзиш

Мурод Умаров директори клуби футболи “Хуҷанд” таъин гардид

Дар ҳайати роҳбарикунандаи клуби футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд тағироти кадрӣ ба амал омад.

Бо қарори иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд аз 23 феврали соли 2018, №58 Мурод Умаров директори клуби футболи “Хуҷанд” таъин гардид. Маросими муаррифии директори клуби футболи “Хуҷанд” рӯзи 26 ферал дар маҷлисгоҳи варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” бо иштироки муовини якуми Раиси вилоят Рустам Раҳматзода доир шуд.

Муфассал ...

Силсилачорабиниҳо бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷавонон, тайёр намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани варзиш ва ҷалби наврасону ҷавонон алалхусус сарбозону аскарон ба варзиш, дар ҳудуди вилоят беш аз 92 мусобиқаҳои оммавӣ – варзишӣ ва солимгардонӣ аз рӯи намудҳои футбол, футболи хурд, баскетбол, волейбол, гӯштини самбо, дзюдо, тарзи озод, юнонӣ - румӣ, камарбандӣ, каратэ-до, таэквандо, қаиқронӣ, варзиши сабук, дучархаронӣ, вазнбардорӣ, бадминтон, камонварӣ, теннис, тенниси рӯи миз, шоҳмот ва шашка дар иншоотҳои варзишии шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби беш аз 8250 нафар наврасон, ҷавонон ва аскарону сарбозон (1535 нафар духтарон) ташкил ва баргузор гардид, ки ба ғолибону ҷоизадорон аз ҷониби Раёсат, бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, Комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳо медалу диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Машқҳои пагоҳирӯзӣ ва солимгардонӣ бо иштироки беш аз 1219 нафар

Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар партави сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани варзиш ва пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна омилҳои номатлуби ҷомеа, пешгирии онҳо аз қабили нашъамандӣ ва касалиҳои сирояткунандаи ҷинсӣ, махсусан ВНМО/ВБПМ  санаи 24 феврали соли 2018 машқҳои пагоҳирӯзӣ ва солимгардонӣ таҳти унвони “Ҳаёти солим – интихоби мост!” бо ҷалби беш аз 1219 нафар ҷавонону наврасон ва варзишгарони номии вилоят (284 нафар духтарон) ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Қувваҳои мусаллаҳи мо ҳимоятгари воқеии истиқлолияти ватан, амнияти кишвар ва сулҳу суботи мамлакат мебошад. Эмомалӣ Раҳмон

Бо мақсади тарбия намудани ҷавонон ва сарбозон дар руҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ,  тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани дӯстӣ байни сарбозон ва ҷалби ҷавонон ба варзиш  дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар якҷоягӣ бо Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд санаҳои 3-20 феврали соли 2018 спартакиадаи ҳарбӣ - варзишии "Ҳомии Ватан" аз рӯи даҳ намуд байни қисмҳои низомии гарнизони Суғд  бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иншоотҳои варзишии шаҳрҳои Хуҷанд ва Бӯстон ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Қадршиносии варзишгарони беҳтарини вилояти Суғд

Рӯзи 13 феврали соли 2018 дар Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии маркази вилоят маросими қадршиносии варзишгарони беҳтарини вилоят доир шуд.

Дар ҷамъомад, ки таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси маркази вилоят, муовини раисони шаҳру ноҳияҳо, директорони мактабҳои варзишии вилоят, варзишгарону мураббиён, собиқадорон, кормандони соҳаи варзиши вилояти Суғд ва намояндагони воситаҳои ахбори омма доир гардид, аз фаъолияти варзишгарони вилоят дар соли 2017 натиҷагирӣ шуд.

Муфассал ...

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо

© 2018 Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд.
border=0