wrapper

Варзиш

Машқи пагоҳирӯзӣ-солимгардонӣ ва мусобикаҳои варзишии шоҳмот, шашка ва тенниси рӯи миз таҳти унвони "Варзиши дастрас"

Санаи 28 апрели соли 2018 бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гаронии варзиш, рушди бемайлони варзиш, ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва пешгирии онҳо аз омилҳои номатлуб бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон варзиши вилояти Суғд машқи пагоҳирӯзӣ ва солимгардонӣ таҳти унвони ""Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст!" дар назди мачмааи таърихи-фархангии "Истиклол" ва Боғи фарҳангӣ - фарогатӣ ба номи Камоли Хуҷандӣ бо ҷалби беш аз 6230 нафар кормандон ва волонтёрони Раёсат, кормандони мактабҳои варзишим вилоят, гирандагони стипендияи Президентӣ, варзишгарон ва сокинони шахри Хуҷанд (1997 нафар духтарон) ва хамзамон, баъди машқи пагоҳирӯзӣ мусобикахои варзишии шохмот, шашка ва тенниси руи миз тахти унвони "Варзиши дастрас" дар Боғи фарҳангӣ - фарогатӣ ба номи Камоли Хуҷандӣ бо ҷалби беш аз 3829 наврасону чавонон, донишчуён ва хонандагони муассисахои тахсилоти оли ва миёнаи касби ва сокинони шахри Хуҷанд (1219 нафар духтарон) ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Машқҳои пагоҳирӯзӣ - солимгардонӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Бo мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи пойтахт, таҳкими тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гаронии варзиш, рушди бемайлони варзиш, ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва пешгирии онҳо аз омилҳои номатлуб машқҳои пагоҳирӯзӣ ва солимгардонӣ таҳти унвони "Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст!" дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, боғҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ ва назди биноҳои баландошёнаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо ҷалби беш аз 7150 нафар (2500 нафар духтарон) ҷавонону наврасон, варзишгарон ва сокинон ташкил ва баргузор гардид.

Силсилачорабиниҳои оммавӣ – варзишӣ ва солимгардонӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахт таҳти унвони “Пойтахт – тарранумгари музаффариятҳои мо ҷавонон ва варзишгарон” дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳудуди вилояти Суғд бори нахуст ба ифтихори таҷлили сазовори “Рӯзи пойтахт” ва бо мақсади оммавигардонии варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва пешгирии онҳо аз омилҳои номатлуб, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва 102 мусобиқаҳои оммавӣ, варзишӣ, ва солимгардонӣ таҳти унвони “Пойтахт – тарранумгари мазаффариятҳои мо ҷавонон ва варзишгарон” бо иштироки беш аз 43 500 нафар тамошобинон (15 000 нафар духтарон) ва 15 350 нафар ҷавонону наврасон, варзишгарони номии вилоят (4 600 нафар духтарон) ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Ҳаёти солим интихоби мо ҷавонон!

Имрӯз бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гаронии варзиш, рушди бемайлони варзиш, ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва пешгирии онҳо аз омилҳои номатлуб бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон варзиши вилояти Суғд машқи пагоҳирӯзӣ ва солимгардонӣ таҳти унвони "Ҳаёти солим интихоби мо ҷавонон"дар Боғи фарҳангӣ - фарогатӣ ба номи Камоли Хуҷандӣ бо ҷалби кормандон ва волонтёрони Раёсат, кормандони мактабҳои варзишим вилоят, гирандагони стипендияи Президентӣ ва варзишгарон ташкил ва баргузор гардид.

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки бо ташаббуси Раёсат ва сохторҳои дар шаҳру ноҳияи вилоят машқи пагоҳирӯзӣ ва солимгардонӣ таҳти унвони "Ҳаёти солим интихоби мо ҷавонон" дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо бо иштироки беш аз 3194 нафар наврасону ҷавонон, варзишгарон (797 нафар бонувон) ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Хонандагони мактаб-интернати шаҳри Хуҷанд 19 медал ба даст оварданд

Дар шаҳри Душанбе дастаи варзишии хонандагони мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд бо ҳайати 10-нафар дар мусобиқаи варзишии ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, ки аз тарафи аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон ташкил гардид, иштирок карда, аз рӯи се намуд: варзиши сабук, тениси рӯи миз ва футбол қувваозмоӣ намуда, соҳиби 19 медал гардиданд. 
Ҳамин тавр, хонандагони мактаб-интернати шаҳри Хуҷанд соҳиби 4 медали тилло, 4 медали нуқра ва 11 медали биринҷӣ гардиданд, ки аз ин миқдор 8-ададаш медали дастаи футбол мебошад.

Муфассал ...

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо

© 2018 Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд.
border=0