wrapper

Варзиш

"Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст!"

 Бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гаронии варзиш, рушди бемайлони варзиш, ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва пешгирии онҳо аз омилҳои номатлуб санаи 5 майи соли 2018 бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон варзиши вилояти Суғд машқи пагоҳирӯзӣ ва солимгардонӣ таҳти унвони "Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст!" бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар назди мачмааи таърихи-фархангии "Истиклол" ва Боғи фарҳангӣ - фарогатӣ ба номи Камоли Хуҷандӣ бо ҷалби беш аз 7105 нафар наврасону ҷавонон, донишҷуёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят, варзишгарон ва сокинони шахри Хуҷанд (2446 нафар духтарон) доир гардид.

Муфассал ...

Чемпионати вилояти Суғд оид ба намуди ушу байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон

 

Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонону наврасон ба ин намуди варзиш ва дур будан аз амалҳи номатлуб санаҳои 3-4 майи соли 2018 Чемпионати вилояти Суғд оид ба намуди ушу байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон дар “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд бо ҷалби беш 200 нафар варзишгарон аз дастаҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б.Ғафуров, Деваштич ва Шаҳристон ташкил ва баргузор гардид. Дар натиҷа маълум гардид, ки ҷои якум насиби дастаи шаҳри Хуҷанд, ҷои дуюм насиби дастаи Б.Ғафуров ва ҷои сеюм насиби дастаи ноҳияи Шаҳристон гардид. Дар фарҷоми мусобиқа аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ба ғолибон медал ва диплом тақдим карда шуд.

Муфассал ...

Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намуди волейбол байни бонувон

 

Санаҳои 28 апрел то 2 майи соли 2018 Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намуди волейбол байни бонувон дар “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд бо ҷалби беш 70 нафар варзишгарон аз 6 дастаҳои шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон 1 ва 2, вилояти Суғд, ШНТМ ва ВМКБ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонону наврасон ба ин намуди варзиш ва дур будан аз амалҳои номатлуб ташкил ва баргузор гардид. Дар натиҷа маълум гардид, ки ҷои якум насиби дастаи шаҳри Душанбе, ҷои дуюм насиби дастаи ВМКБ ва ҷои сеюм насиби дастаи вилояти Суғд гардид. Дар фарҷоми мусобиқа аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон медал ва диплом тақдим карда шуд.

Муфассал ...

Варзиш - муаррифгари миллат дар арсаи байналмилалӣ

 

Санаҳои 16-23 апрели соли 2018 дар шаҳри Шучингскийи Ҷумҳурии Қазоқистон Чемпионати Осиё оид ба намуди дастхобонӣ байни наврасону ҷавонон, калонсолон, ситораҳо ва ҷавонони имконияташон маҳдуд бо ҷалби беш 660 нафар варзишгарон аз 12 давлатҳои Осиё баргузор гардид.
Бояд зикр намуд, ки дар чорабинии номбурда 23 нафар варзишгарони тоҷик фаъолона иштирок намуда, бо гирифтани 8 медали тилло, 4 медали нуқра ва 12 медали биринҷӣ парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардоштанд. 
Ҳамзамон, боиси қайд аст, ки дар чемпионати мазкур бо ҷамъи медалҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон байни 12 давлати Осиё ҷои сеюмро ишғол намуд.

Муфассал ...

4 варзишгари Хуҷанд дар Абу Дабӣ ғолибият ба даст оварданд

Санаҳои 14-28 апрели соли равон дар шаҳри Абу Дабии Аморати муттаҳидаи Араб Чемипионати ҷаҳон оид ба ҷиуҷитсу бо ширкати беш аз 7000 намояндаи 106 давлати дунё сурат гирифт, ки аз вилояти Суғд 13 нафар иштирок намуда, 4 нафар хонандагони макотиби шаҳри Хуҷанд ғолибият ба даст оварданд.

Муфассал ...

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо

© 2018 Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд.
border=0