wrapper

Варзиш

Баргузории мусобиқаи гӯштини самбо дар шаҳри Бӯстон

Имрӯз, 15 май дар толори варзишии ба номи генерал-майор Рустам Амакиеви мактаби варзишии шаҳри Бӯстон мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштини самбо бахшида ба таҷлили сазовори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид. 
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Хусравшоҳ Исмоилов наврасону ҷавононро ҷиҳати ширкати фаъолона дар мусобиқа таҳният гуфта, аз раванди дастгирии давлатии варзишгарон ва оммавияти варзиш дар мамлакат ибрози назар намуд. 
Дар мусобиқа зиёда аз 100 нафар варзишгарони шаҳр ширкат варзида, беҳтаринҳо бо сипоснома, медал ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Муфассал ...

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба чавгонбозӣ байни бонувон

Cанаҳои 12-15 майи соли 2018 дар майдони чавгонбозии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба чавгонбозӣ байни калонсолони (бонувон) то 30 сола баргузор гардида истодааст, ки дар мусобиқаи мазкур беш аз 80 нафар варзишгардухтарон аз дастаҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, ШНТМ ва шаҳри Душанбе иштирок намуда истодаанд.

Муфассал ...

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба теннис байни наврасон ва ҷавонон

 

Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонону наврасон ба ин намуди варзиш ва дур будан аз амалҳои номатлуб, санаҳои 10-12 майи соли 2018 дар "Корти теннис"-и Муассисаи давлатии "Мактаби варзишии № 1"-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба теннис байни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид, ки дар он беш аз 45 нафар варзишгарон аз дастаҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Дар натиҷаи мусобиқа дастаи шаҳри Душанбе ҷои якум, дастаи вилояти Суғд ҷои дуюм ва дасти вилояти Хатлон ҷои сеюмро мушарраф гардид.

Муфассал ...

Спартакиада дар факултети №4-и Академияи ВКД

Дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон спартакиадаи варзишӣ байни ҳайати кормандон, шунавандагон ва курсантони ин муассисаи таълимӣ бахшида ба соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз рӯи намудҳои варзишӣ футбол, волейбол, кашидани вазн, давидан ба басофаи 100м шашка, шоҳмот ва бандкашӣ спартакиада баргузор ва натиҷагирӣ карда шуд.
Дар мусобиқаи футбол ҷои якумро дастаи «Курсантони курси 4», дар намуди волейбол мақоми аввалро дастаи «Курсантони курси 1» ба даст оварданд.
Курсанти курси 1 Эҳром Зулқайнаров дар намуди «Кашидани вазн» дастболо шуда, ба марра дар масофаи 100 метр аввалин шуда Самандар Бекбобоев, курсанти курси 3 омада расид. Дар даври ниҳоии бандкашӣ дастаи «Курсантони курси 4» ғолиб шуданд. Дар намудҳои шашкаву шоҳмот байни кормандон Обид Хоҷазода, байни курсатон Атоалӣ Иззатов ва Амонилло Зоиров беҳтаринҳо дониста шуданд.

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини дзюдо дар доираи Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Бо мақсади оммавигардонии варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш, пешгирии онҳо аз омилҳои номатлуб ва муайян намудани дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ, санаҳои 5-6 майи соли 2018 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини дзюдо байни мардон дар доираи Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон-2018 дар толори варзишии ҶДММ "Шоҳин"-и шаҳри Гулистони вилояти Суғд ташкил ва баргузо гардид.

Муфассал ...

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо

© 2018 Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд.
border=0