wrapper

Варзиш

Мусобиқаи вилояти Суғд оид ба шашкаи 64 байни наврасону ҷавонон

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раëсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд санаҳои 28 май то 3 июни соли 2018 дар шаҳри Исфара мусобиқаи вилояти Суғд оид ба шашкаи 64 байни наврасону ҷавонони 6,8,10,12,14,16 ва 18 сола боло бахшида ба соли 2018 "Соли рушди сайëҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Машқҳои пагоҳирӯзӣ ва солимгардонӣ дар вилояти Суғд

Бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат”, ки бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 14 майи соли 2018 №186, тасдиқ карда шудааст, санаи 26 майи соли 2018 машқи пагоҳирӯзӣ ва солимгардонӣ таҳти унвони "Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст!" бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ҷалби беш аз 5300 нафар наврасону ҷавонон, донишҷуёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят, варзишгарон ва сокинони вилоят (2000 нафар духтарон) доир гардид.

Муфассал ...

Дави миллӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи олимпӣ таҳти унвони "Пешвои миллат рамзи иттиҳоду сарчамъӣ ва саодату осудагии мо"

Рӯзи 20 май дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд чорабинии варзишии Дави миллӣ баргузор шуд, ки дар он беш аз 25 ҳазор нафар одамони касбу кори гуногун иштирок намуданд.

Дар қатори ҳазорҳо нафар сокинони маркази вилоят Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ дар чорабинии мазкур иштирок намуд. Қабл аз оғози Дави миллӣ Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳузури сокинон суханронӣ намуда, аз дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи варзиш ёдоварӣ кард ва баргузории Дави миллиро ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим иқдоми муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.

Муфассал ...

Мусобиқаи вилояти Суғд оид ба марафони велосипедронӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Дар заминаи сиёстаи варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ – Певшои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат”, ки бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 14 майи соли 2018 №186, тасдиқ карда шудааст, санаи 19 майи соли 2018 дар назди Маҷмааи таърихӣ ва фарҳангии “Истиқлол” мусобиқаи вилояти Суғд оид ба марафони велосипедронӣ ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Машқҳои пагоҳирӯзӣ - солимгардонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат”, ки бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 14 майи соли 2018 №186, тасдиқ карда шудааст, санаи 19 майи соли 2018 машқи пагоҳирӯзӣ ва солимгардонӣ таҳти унвони "Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст!" бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ҷалби беш аз 6800 нафар наврасону ҷавонон, донишҷуёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят, варзишгарон ва сокинони вилоят (2220 нафар духтарон) доир гардид.

Муфассал ...

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо

© 2018 Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд.
border=0