wrapper

Варзиш

Машқҳои пагоҳирӯзӣ ва солимгардонӣ таҳти унвони ""Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст!"

Санаи 9 июни соли 2018 бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гаронии варзиш, рушди бемайлони варзиш, ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва пешгирии онҳо аз омилҳои номатлуб бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон варзиши вилояти Суғд машқи пагоҳирӯзӣ ва солимгардонӣ таҳти унвони ""Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст!" дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, майдончаҳи варзишии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо ҷалби беш аз 8250 нафар кормандон ва волонтёрони Раёсат, кормандони мактабҳои варзишим вилоят, гирандагони стипендияи Президентӣ, варзишгарон ва сокинони шахри Хуҷанд (3100 нафар духтарон) ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Мусобиқаи вилояти Суғд оид ба бокс байни наврасон

Бо мақсади тарғибу ташвиқи бокс байни наврасон, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон, оммавияти намуди варзиши бокс, омода намудани варзишгарони касбӣ ва муайян намудани дастаи мунтахаби вилоятӣ, санаҳои 6-9 июни соли 2018 дар толори варзишии ноҳияи Б.Ғафуров мусобиқаи вилояти Суғд оид ба бокс байни наврасони солҳои таваллудашон 2002-2003 бахшида ба "Соли рушди сайëҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Мусобиқаи волейбол байни бонувон

Бахшида ба Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми ва рӯзи Ваҳдати миллӣ мусобиқаи кушоди Муассисаи давлатии мактаби варзишии №1 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо дастгирии Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия санаҳои 6-7 июн мусобиқаи волейбол байни бонувон баргузор гардид, ки дар он 90 нафар бонувон аз 7 дастаи шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд, Конибодом, Ҷ.Расулов, Спитамен, Ашт ширкат варзиданд. 

Муфассал ...

Варзиш роҳи расидан ба сулҳу дӯстӣ!

Тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд санаҳои 25 май то 6 июни соли 2018 мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба футбол байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миëнаи умумӣ соли таваллудашон 2001-2002, 2003-2004, 2005-2006 барои дарëфти мукофоти "Туби чармин-2018" дар майдони футболи мактаби варзишии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба намудҳои варзиши сабук, тенниси рӯи миз ва футболи хурд байни варзишгарони имконияташон маҳдуд бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Бо мақсади таҳкими тарзи ҳаëти солим, оммавигароии варзиш, ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва рушди бемайлони варзиш, санаҳои 1-3 июни соли 2018 дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба намудҳои варзиши сабук, тенниси рӯи миз ва футболи хурд байни варзишгарони имконияташон маҳдуд бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо