wrapper

Чемпионати вилояти Суғд оид ба намуди ушу байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон

 

Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонону наврасон ба ин намуди варзиш ва дур будан аз амалҳи номатлуб санаҳои 3-4 майи соли 2018 Чемпионати вилояти Суғд оид ба намуди ушу байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон дар “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд бо ҷалби беш 200 нафар варзишгарон аз дастаҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б.Ғафуров, Деваштич ва Шаҳристон ташкил ва баргузор гардид. Дар натиҷа маълум гардид, ки ҷои якум насиби дастаи шаҳри Хуҷанд, ҷои дуюм насиби дастаи Б.Ғафуров ва ҷои сеюм насиби дастаи ноҳияи Шаҳристон гардид. Дар фарҷоми мусобиқа аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ба ғолибон медал ва диплом тақдим карда шуд.

Муфассал ...

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба дастхобонӣ байни духтарон ва калонсолон

Бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ байни варзишгарон ва муайян намудани дастаи мунтахаб бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ва “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба дастхобонӣ байни духтарон ва калонсолон аз рӯи 17 намуди вазн бо иштироки 105 нафар варзишгарон (42 нафар духтарон) аз дастаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон, Кӯҳистони Бадахшон, Суғд, ШНТМ ва шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Бозиҳои варзишии вилояти Суғд оид ба гӯштини миллии гӯштингирӣ

Бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” санаҳои 10-11 марти соли 2018 бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар толори  варзишии “Устопириён”-и шаҳри Хуҷанд Бозиҳои варзишии вилояти Суғд оид ба гӯштини миллии гӯштингирӣ бо иштироки беш аз 58 нафар  варзишгарон аз дастаҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Ҷ.Расулов, Мастчоҳ, Спитамен, Кӯҳистони Мастчоҳ ва ММОВВ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонону наврасон ба ин намуди варзиш, боз ҳам мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ байни варзишгарону мураббиён ва дур будан аз амалҳои номатлуб ташкил ва баргузор гардид. Дар натиҷаи мусобиқаи мазкур маълум гардид, ки ҷои якум насиби дастаи ММОВВ, ҷои дуюм насиби дастаи ноҳияи Ҷ.Расулов ва ҷои сеюм насиби дастаи ноҳияи Мастчоҳ гардид.  Дар фарҷоми мусобиқа аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон  ва варзиши вилояти Суғд ба ғолибону ҷоизадорон медал ва диплом тақдим карда шуд.

Муфассал ...

Мусобиқаи вилоятӣ оид ба футбол байни ҷавондухтарон барои дарёфти “Ҷоми Умед"

Бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи бонувон бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд мусобиқаи вилоятӣ оид ба футбол байни ҷавондухтарон барои дарёфти “Ҷоми Умед” дар майдони муассисаи давлатии “Мактаби варзишии №1”-и шаҳри Хуҷанд  бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани варзиш, мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ байни варзишгарон ва мураббиён ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш бо иштироки беш аз 96 нафар варзишгарон ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо