wrapper

Дӯстӣ ғалаба кард

Шоми дирӯз дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и шаҳри бостонии Хуҷанд миёни дастаҳои "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд ва"Динамо"-и шаҳри Самарқанд бозии рафиқона баргузор шуд.

Қабл аз оғози бозии футбол Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳайати меҳмонон аз вилояти Самарқандро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфт. Раҷаббой Аҳмадзода таъкид дошт, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев робитаи миёни кишварҳо аз нав барқарор гардида, муносибатҳои дӯстонаи байни вилоятҳо тақвият меёбанд. Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар вилояти Самарқанд ва бозии миёни дастаҳои "Хуҷанд" ва "Динамо" барои футболбозони ҳар ду даста мувафаққиятҳо таманно кард.

Бозии дӯстона бо ҳуҷумҳои пайдарпайи дастаҳо ҷараён гирифт ва аз ҷониби бозингари меҳмонон Дилмурод Каримов гардид дар дақиқаи 31 - ум нахустин гол ба дарвозаи мизбонон ворид карда шуд.

Мухлисони беш аз 20 ҳазорнафараи дастаи "Хуҷанд" ноумед нагардиданд ва ниҳоят ҳуҷумкунандаи марказӣ Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 52 - ум тӯбро моҳирона вориди дарвозаи меҳмонон намуд.

Бо вуҷуди хатарҳои зиёди гол ба дарвозаи меҳмонон ҳисоби бозӣ то охир тағйир наёфт ва ҳамин тавр дидори дӯстона бо ҳисоби 1 :1 хотима ёфт.

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо