wrapper

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов

7 сентябри соли 2018 муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи майдончаи варзишӣ иштирок намуданд.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои мулоқот бо сокинони ноҳия аз ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ва вилоят ёдовар шуда, ҳозиринро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд. Мавриди истифода қарор гирифтани майдончаи варзишии замонавӣ барои сокинони ҷамоати мазкур туҳфаи хубе дар арафаи таҷлили 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Таъкид гардид, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳо сохтмону бунёди иншооти гуногуни иҷтимоӣ бо шумули майдону толорҳои варзишӣ идома дорад ва дар ин раванд нақши соҳибкорон низ назаррас мебошад. Аз ҷумла, иқдоми соҳибкор Баҳром Ахмедҷонов ҷиҳати фароҳамсозии шароити мусоиди машқу тамрин дар Ҷамоати шаҳраки Меҳробод намунаи ибрат арзёбӣ карда шуд. 
Майдончаи варзишии замонавӣ дар Ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳия ва бо маблағгузории соҳибкор Баҳром Ахмедҷонов дар ҳаҷми 220 000 сомонӣ бунёд карда шудааст. Андозаи майдончаи варзишӣ 46 Х 26 буда, масоҳати он 1200 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва он барои бозии футболи хурд пешбинӣ гардидааст. 

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо