wrapper

Ашт:Мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба бокс

20 июли соли равон дар толори Мактаби варзишии №1-и ноҳияи Ашт мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба бокс байни ҷавонон ва наврасони соли таваллудашон 2002-2008 оғоз гардид, ки он то санаи 21 июл идома меёбад.
Мақсад аз баргузории мусобиқаро Зариф Боймуротов и.в мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД-и ноҳия, баргузории чунин як мусобиқа байни ҷавонон ва наврасон, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ва ривоҷу равнақ додани ин намуди варзиш дар ноҳия арзёбӣ кард.
Мавриди зикр аст, ки дар ин мусобиқа беш аз 50 нафар ҷавонон ва наврасон аз ноҳияи Ашт ва аз шаҳри Хуҷанд 15 нафар варзишгарон иштирок намуда байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд.
Ғолибонро медал ва дипломи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия интизор аст.

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо