wrapper

Мусобиқа оид ба футболи хурд байни дастаҳои маҳаллаҳо, корхонаву ташкилотҳои шаҳри Хуҷанд

Санаи 26 июн то 24 июли соли 2018 дар варзишгоҳи маҳаллаи «Раззоқ»-и шаҳри Хуҷанд баҳри дар амал тадбик намудани дастуру супоришхои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки санаи 12 майи соли 2018 дар Кохи Борбад баргузор гардид, мусобиқа оид ба футболи хурд байни дастаҳои маҳаллаҳо, корхонаву ташкилотҳои шаҳри Хуҷанд ташкил ва баргузор гардид.

Санаи 24 июли соли равон Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба тамошои бозии даври ниҳоии мусобиқа оид ба футболи хурд байни дастаҳои маҳаллаҳо, корхонаву ташкилотҳо ба маҳаллаи Раззоқи шаҳр рафта, дар он иштирок намуда, ғолибонро қадршиносӣ кард.

Бозии финалии дастаҳои «Беҳтарин» ва «Парламент» сурат гирифта, дар натиҷаи дастаи «Парламент” бар ҳисоби 3:0 ғолибиятро ба даст овард.

Бояд қайд намуд, ки дар мусобиқаи мазкур 20 даста дар 4 гурўх байни ҳам қувваозмоӣ намуда, дастаҳои «Садаф» ва «Қулангир» сазовори ҷои сеюм гаштанд. Ҳамзамон, “Бозингари беҳтарин”, “Дарбозабони беҳтарин”, “Ҳамлагари беҳтарин”, “Муҳофизатгари беҳтарин”, “Ниммуҳофизатгари беҳтарин” муайян ва бо тӯҳфаҳо қадршиносӣ гардиданд. дониста шуданд.

Дар ҷамъбасти мусобиқаи мазкур Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дастаҳои ғолиб ва бозингарони беҳтаринро бо ҷом, диплом, медал ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки мусобиқа оид ба футболи хурд байни дастаҳои маҳаллаҳо, корхонаву ташкилотҳо барои дарёфти Ҷоми «Бобо Каримов» ва бахшида ба «Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш дар маҳаллаҳо ва қишрҳои гуногуни ҷомеа, ҳамзамон татбиқи босамари Барномаи маҳаллии рушди футбол дар шаҳри Хуҷанд барои солҳои 2017-2021 гузаронида шуд.

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо