wrapper

Марҳилаи дуюми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ва гӯштини миллӣдар вилояти Суғд

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд санаи 6 июли соли равон дар толори варзишии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маросими пӯшидашавии марҳилаи дуюми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ва гӯштини миллӣ бахшида ба 21-солагии Ваҳдати миллӣ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил ва баргузор гардид. Дар оғози даври финалии гӯштини миллӣ намоиши бозиҳои варзишӣ аз қабили ушу, каратэ-до, таэквандо ВТФ, велосипедронӣ, волейбол, бадминтон, футбол, гимнастика, бокс, чавгонбозӣ ва гӯштини миллӣ пешниҳоди мухлисон гардид.
Пас аз намоиши бозиҳои мазкур даври финалии мусобиқаи вилоятӣ оид ба гӯштини милили гӯштингирӣ аз рӯи 3 вазн (то 65кг, то 80кг ва +100кг) оғоз гардид.

Бояд ёдовар шуд, ки санаҳои 4-6 июли соли 2018 дар вилояти Суғд марҳилаи дуюми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ва гӯштини миллӣ бахшида ба 21-солагии Ваҳдати миллӣ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз рӯи 8 намуди варзиш аз ҷумла, гӯштини миллӣ, чавгонбозӣ (писарон, духтарон), варзиши сабук, вазнбардорӣ (сангбардорӣ), шиноварӣ, шоҳмот, дастхобонӣ ва бандкашӣ ташкил ва баргузор гардид. Дар фестивали мазкур беш аз 500 нафар варзишгарон (100 бонувон) аз дастаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ва зиёда аз 3122 нафар тамошобин иштирок намуданд.

Бояд қайд кард, ки чорабиниҳои мазкур бо мақсади эҳё, рушд ва амалии бозиҳои миллии варзишӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху анъанаҳои миллии аҷдодон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш ва муайян намудани дастаи мунтахаби вилояти Суғд аз рӯи 8 намуд мебошад. Дар фарҷоми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ба ғолибону ҷоизадорон медалу дипломҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд тақдим карда шуда, барои иштирок намудан дар марҳилаи сеюми Фестивали бозиҳои миллӣ дастаи мунтахаби вилояти Суғд интихоб ва муайян гардиданд.

Натиҷаҳои Фестивали бозиҳои милили варзишӣ аз рӯи 8 намуди варзиш:

Гӯштини миллӣ
Ҷои якум – дастаи ноҳияи Ҷ.Расулов
Ҷои дуюм – дастаи ноҳияи Ҷ.Расулов
Ҷои сеюм – дастаи ноҳияи Ҷ.Расулов

Чавгонбозӣ (мардон)

Ҷои якум – дастаи Хуҷанд 1-и шаҳри Хуҷанд
Ҷои дуюм – дастаи МВВ
Ҷои сеюм – дастаи Хуҷанд 2-и шаҳри Хуҷанд

Чавгонбозӣ (бонувон)
Ҷои якум – дастаи МВВ
Ҷои дуюм – дастаи шаҳри Хуҷанд
Ҷои сеюм – дастаи МВВ

Варзиши сабук
Ҷои якум – дастаи шаҳри Хуҷанд
Ҷои дуюм – дастаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Ҷои сеюм – дастаи шаҳри Бӯстон

Вазнбардорӣ (сангбардорӣ)
Ҷои якум – дастаи шаҳри Истиқлол
Ҷои дуюм – дастаи шаҳри Бӯстон
Ҷои сеюм – дастаи ноҳияи Б.Ғафуров

Шиноварӣ
Ҷои якум – дастаи шаҳри Хуҷанд
Ҷои дуюм – дастаи шаҳри Хуҷанд
Ҷои сеюм – дастаи шаҳри Хуҷанд

Дастхобонӣ
Ҷои якум – дастаи шаҳри Хуҷанд
Ҷои дуюм – дастаи шаҳри Истаравшан
Ҷои сеюм – дастаи шаҳри Гулистон

Бандкашӣ
Ҷои якум – дастаи шаҳри Хуҷанд
Ҷои дуюм – дастаи шаҳри Истаравшан
Ҷои сеюм – дастаи шаҳри Бӯстон

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо