wrapper

Мусобиқаи вилоятӣ оид ба волейбол байни духтарон
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят санаҳои 9-11 марти соли 2018 мусобиқаи вилоятӣ оид ба волейбол байни духтарони соли таваллудашон 2000 ва хурд бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва Рӯзи бонувон дар толори варзишии Коллеҷи тиббии ғайридавлатии ноҳияи Б.Ғафуров бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонии варзиш, ҷалби ҷавонону наврасон ба ин намуди варзиш ва дур будан аз амалҳои номатлуб ташкил ва баргузор гардид.
Қобили зикр аст, ки дар мусобиқаи мазкур беш аз 62 нафар варзишгарон аз дастаҳои шаҳру ноҳияҳои Ашт, Б.Ғафуров, Спитамен Ҷ.Расулов иштирок ва бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Дар натиҷаи мусобиқаи мазкур маълум гардид, ки ҷои якум насиби дастаи Ҷ.Расулов 2-и ноҳияи Ҷ.Расулов, ҷои дуюм насиби дастаи ноҳияи Ашт ва ҷои сеюм насиби дастаи Ҷ.Расулов 1-и ноҳияи Ҷ.Расулов гардид.
Дар фарҷоми мусобиқа ғолибону ҷоизадорон бо медалу дипломҳои таъсиснамудаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд қадрдонӣ карда шуданд.
 

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо