wrapper

Мусобиқаи вилоятӣ оид ба футбол байни ҷавондухтарон барои дарёфти “Ҷоми Умед"

Бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи бонувон бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд мусобиқаи вилоятӣ оид ба футбол байни ҷавондухтарон барои дарёфти “Ҷоми Умед” дар майдони муассисаи давлатии “Мактаби варзишии №1”-и шаҳри Хуҷанд  бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани варзиш, мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ байни варзишгарон ва мураббиён ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш бо иштироки беш аз 96 нафар варзишгарон ташкил ва баргузор гардид.

Дар мусобиқа, 6 дастаҳо аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ҳайати 16 нафарӣ иштирок намуда, бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Дар натиҷа, дастаи ҷавондухтарони ноҳияи Мастчоҳ сазовори ҷои I, дастаи ММФЧВА  сазовори ҷойи II  ва дастаи шаҳри Конибодом сазовори ҷойи III дониста шуданд. 
Ғолибони мусобиқаи мазкур бо медалу сипоснома ва туҳфаҳои  хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

.

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо