wrapper

Варзиш - муаррифгари миллат дар арсаи байналмилалӣ

Имрӯз дар асоси нақшаи чорабинихои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо Раёсати маорифи вилояти Суғд ҷамбасти мусобиқаи вилоятӣ оид ба футболи хурд, тенниси рӯи миз ва шоҳмот байни хонандагони синфҳои 8 - 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят бахшида ба таътили зимистона ташкил ва баргузор гардид.

Дар маросими кушодашавии мусобиқа муовини сардори Раëсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Тошбоев Дилшод иштирок дошта, дар суханронии худ иброз намуданд, ки "Дар паëми навбатии худ Пешвои муаззами миллат соли 2018-ро соли рушди сайëҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд, ки ҳамаи иштирокчиëнро бо ин соли фархунда табрик намуда, ба ҳар яки иштирокчиëни ин мусобиқа бурдбориву муваффақиятро таманно намуданд".

Бояд зикр кард, ки мусобиқаи мазкур бо мақсади тарғиби тарзи хаёти солим байни наврасону ҷавонон, ҷалби ҷавонону наврасон ба ин намуди варзиш ва дур будан аз амалҳои номатлуб доир гардид.

Дар натиҷа маълум гардид, ки аз рӯи намуди шоҳмот ҷои якум дастаи Панҷакент, ҷои дуюм насиби дастаи Исфара ва ҷои сеюм насиби дастаи Мастчоҳ, аз руи намуди тенниси руи миз чои якум насиби дастаи Хучанд, чои дуюм насиби дастаи Спитамен ва чои сеюм насиби дастаи Конибодом, аз рӯи намуди футболи хурд ҷои якум насиби дастаи Истиқлол ва ҷои дуюм насиби дастаи Хуҷанд гардид.

Дар фарҷоми мусобиқа аз тарафи Раёсати маориф ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ба ғолибону ҷоизадорон медал, диплом ва ҷом тақдим карда шуд.

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо