wrapper

Ҷавонон – муҳофизони марзу бум

Имрӯз дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар якҷоягӣ бо Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд кушодашавии спартакиадаи ҳарбӣ - варзишии "Хомии Ватан" бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар "Қасри варзиш"-и шаҳри Хуҷанд ташкил ва баргузор гардид.

Бояд зикр намуд, ки спартакиадаи мазкур аз рӯи даҳ намуди мусобиқаи ҳарбӣ - варзишӣ байни қисмҳои низомии гарнизони Суғд дар иншоотҳои варзишии шаҳрҳои Хуҷанд ва Бӯстон бо мақсади тарбия намудани ҷавонон ва сарбозон дар руҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ, ҷалби ҷавонон ба варзиш доир гардид.

Ҳамзамон дар кушодашавии спартакиада комиссари ҳарбии вилоят - сардори гарнизони Суғд генерал-майор Назарзода Н.Б., мутахассиси пешбари Раëсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Салимов Ф.Н., сардоварони мусобиқа, сарбозони қисмҳои низомии вилоят, толибилмону донишҷӯëн иштирок намуданд.

Қобили зикр аст, ки дар кушодашавии спартакиада баҳри болидахотирии меҳмонон, иштирокчиëн, ва сарбозони қисмҳои низомии вилояти Суғд аз тарафи бахши фарҳанги шаҳри Хуҷанд барномаи консертӣ пешкаш карда шуд.

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо