wrapper

Натиҷаҳои назарраси варзишӣ дар соли ҷавонон

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш фаъолияти худро дар соли 2017 бо назардошти эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” фаъолияташро дар самти таҳкими асосҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва заминаи методию иттилоотӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, баргузории чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ ва муносибатҳои байнисоҳавию байналмилалӣ равона намуд.

Раёсат дар давраи ҳисоботӣ баҳри таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиши касбӣ ва муҳайё намудани имкониятҳои мусоиди инфрасохторию ташкилӣ барои варзишгарон тадбирҳои зерин андешид.

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар давраи ҳисоботӣ 2319 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон дар вилоят ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 45 варзишгоҳ, 1556 майдончаи варзишӣ, 513 толорҳои варзишӣ, 28 ҳавзҳои шиноварӣ ва 177 маҷмааҳо, иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият менамоянд.

Ҳамзамон бахшида ба Соли ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Б.Ғафуров, Истаравшан, Исфара, Хуҷанд, Гулистон ва Спитамен дар маҷмӯъ 63 иншоотҳои варзишӣ, аз ин 9 толори варзишӣ, 51 майдончаи варзишӣ, 1 маҷмааи варзишӣ ва 2 ҳавзи шиноварии оддӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 9 миллиону 844 ҳазору 800 сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи 8 миллиону 256 ҳазору 500 сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.

Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар вилоят 45 мактабҳои варзишӣ амал менамоянд, ки аз ин 1 мактаби маҳорати олии варзишии вилоят, 1 мактаби варзишии вилоят, 7 мактаби махсуси варзишӣ, 1 мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ 28 мактабҳои варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва 7 мактабҳои варзишӣ дар тобеияти Иттифоқҳои касабаи мустақил ва ташкилоти ҷамъиятии “Ҳосилот” мебошанд.

Дар мактабҳои варзишӣ дар давраи ҳисоботӣ 1436 гурӯҳҳо бо фарогирии 16248 машқварзони наврасу ҷавон аз намудҳои олимпӣ ва 102 гуруҳҳо аз намуди миллӣ бо фарогирии 1156 машқварзони наврасу ҷавон амал намуда, дар маҷмуъ дар давраи ҳисоботӣ 17404 нафар наврасону ҷавонон ҳамарӯза ба машқу тамрин фаро гирифта мешаванд, ки аз рӯи намуди олимпӣ шумораи фарогирифтагон нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 202 ва аз рӯи намуди миллӣ шумораи фарогирифтагон нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 45 нафар зиёд гардидааст. Дар маҷмуъ шумораи фарогирифташудагон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (638 нафар) зиёд гардидааст, ки аз шумораи умумии онҳо 2002 нафарро духтарон ташкил медиҳанд, ки он нисбат ба соли 2016, (61 нафар)  кам гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати интихоби варзишгарон барои иштирок дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 985 мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои футбол, волейбол, гӯштини миллӣ, тарзи озод, юнону румӣ, самбо, дзюдо, бокс, теннис, вазнабардорӣ, камарбандӣ, муҳорибаи ҷанги дастӣ, муқовимати кулл ва касбии ҷанги дастӣ, баскетбол, тенниси рӯи миз, каратэ-до, таэквандо ВТФ – ИТФ, ҷиу-ҷитсу ва варзиши сабук бо фарогирии 528440 варзишгар (59345 бонувон) ташкил ва гузаронида шуд. Аз ҷумла дар ноҳияи Айнӣ 48 мусобиқа бо фарогирии 23295 ҳазор варзишгар, дар ноҳияи Ашт 40 мусобиқа бо фарогирии 20510 варзишгар, дар ноҳияи Б.Ғафуров 37 мусобиқа бо фарогирии 15150 варзишгар, дар ноҳияи Деваштич 32 мусобиқа бо фарогирии 14220 варзишгар, дар ноҳияи Зафаробод 53 мусобиқа бо фарогирии 16150 варзишгар, дар шаҳри Истаравашан 98 мусобиқа бо фарогирии 177000 варзишгар, дар шаҳри Истиқлол 43 мусобиқа бо фарогирии 6925 варзишгар, дар шаҳри Исфара 72 мусобиқа бо фарогирии 56250 варзишгар, дар шаҳри Конибодом 48 мусобиқа бо фарогирии 28750 варзишгар, дар ноҳияи К.Мастчоҳ 35 мусобиқа бо фарогирии 1210 варзишгар, дар шаҳри Гулистон 40 мусобиқа бо фарогирии 6450 варзишгар, дар ноҳияи Мастчоҳ 68 мусобиқа бо фарогирии 7650 варзишгар, дар шаҳри Панҷакент 46 мусобиқа бо фарогирии 6550 варзишгар, дар ноҳияи Спитамен 62 мусобиқа бо фарогирии 15540 варзишгар, дар шаҳри Бӯстон 36 мусобиқа бо фарогирии 12100 варзишгар, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 41 мусобиқа бо фарогирии 7250 варзишгар, дар шаҳри Хуҷанд 91 мусобиқа бо фароигирии 65510 варзишгар ва дар ноҳияи Шаҳристон 32 мусобиқа бо фарогирии 5520 варзишгар доир карда шуд.

Дар натиҷа аз ҳисоби ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳоҳайати дастаи мунтахаби вилоят дар ҳайати 3121 нафар варзишгар муайян гардида, дар 99 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд ва ба гирифтани 680 медали тилло, 598 медали нуқра ва 946 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд.

Бо назардошти сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд дар давраи ҳисоботӣ 3 чорабиниҳои байналмилалии варзишӣ аз рӯи намуди муҳобироти муҳорибаи ҷанги дастӣ, брейкданс ва гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-румӣ дар вилоят доир гардид, ки дар онҳо зиёда аз 350 нафар варзишгарон аз Ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон, +збекистон, Туркманистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон ва Федератсияи Русия ширкат варзиданд.

Бо мақсади пешгирии ҷавонону наврасон аз омилҳои номатлуб дар ҷомеа ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, дар асоси нақшаҳои кории Раёсат дар соли ҷорӣ 63 чорабиниҳои варзишии мухталиф баргузор карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016, 18 чорабинӣ зиёд ба қайд гирифта шуд.

Бо мақсади амалигардонии татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни мулоқот бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ 23 майи соли 2013 баён гардидаанд (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июни соли 2013, №264) ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷомеа ҳар рӯзи шанбе дар қаламрави ҷумҳурӣ Рӯзи варзиш эълон шуда, аз ҷониби сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои системаи Кумита ҳар рӯзи шанбе дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҷойҳои мусоид барои машқҳои пагоҳирӯзӣ, боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва назди хобгоҳҳои донишгоҳу донишкадаҳо чунин машқҳо доир шуданд.

Тибқи маълумоти оморӣ дар ин давраи ҳисоботӣ дар қаламрави вилоят 764 машқҳои пагоҳирӯзӣ, бо фарогии 116325  нафар, аз ҷумла 31061 нафар бону ширкат варзидаанд.

Ҳамзамон, дар заминаи иҷрои супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврали соли 2017, № 25552/26 ва 8 феврали соли 2017, 16/10-34, марҳилаи аввали Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ зери роҳбарии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ як қатор корҳо амалӣ гардиданд.

Дар робита ба иҷрои муқаррароти Фармоиши якҷояи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Кумитаи тадорукот оид ба ташкил ва баргузории Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ва мусобиқаҳои варзишии гуштингирӣ (марҳилаи якум) бахшида ба 20-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонони Тоҷикистон дар арафаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ аз 21 то 25 марти соли 2017» тадбирҳо андешида шуд.

Қобили қайд аст, ки эҳё намудани намудҳои миллии варзиш аз ҷониби аҳолӣ хуб пазируфта шуда, дар рафти баргузории чорабиниҳо бештар наврасону ҷавонон бо мақсади ба таърих, фарҳанг, расму оийн ва анъанаву суннатҳои тоҷикона баҳри баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ аз арзишҳои миллӣ, ҳамзамон, тарғибу ташвиқ ва таҳкими тарзи ҳаёти солим рӯ меоварданд.

Ҳамин тавр марҳилаи якуми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо фарогирии 8850 варзишгар ва зиёда аз 404000 нафар мухлисону тамошобин дар сатҳи баланд аз рӯи 8 намуди варзиш баргузор гардид.

Ҳамзамон марҳилаи дуюми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар вилоят бо фарогирии 391 нафар варзишгар ва зиёда аз 8520 нафар мухлисону тамошобинон дар сатҳи баланд аз рӯи 8 намуди варзиш баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки санаҳои 8-10 сентябри соли 2017 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ аз рӯи 8 намуди варзиш дар дориаи Фестивали бозиҳои варзишии миллӣ баргузор гардид, ки дар он дастаи вилоят дар ҳайати зиёда аз 90 нафар варзишгар иштирок намуда, байни дастаҳо ба гирифтани ҷойи дуюм сазовор гардид.

Бо мақсади дарёфти таъмини иштироки васеи варзишгарони дастаи мунтахаб дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бо иштироки 404 варзишгар, аз ҷумла 13 нафар бонувон ба 44 чорабиниҳо сафарбар гардида, дар натиҷа ба хазинаи варзишии вилоят 31 медали тилло, 45 нуқра ва 102 биринҷӣ, дар умум 178 медал ворид намуданд. Натиҷаҳои бадастовардаи варзишгарон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 60 (33,7%) медал зиёд мебошад.

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо