wrapper

Мусобиқаи байналмилалӣ

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва тибқи нақша - чорабинии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят маросими кушодашавии мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини тарзи озод ва юнонӣ – румӣ байни ҷавонони соли таваллуди 1998 – 2001 бахшида ба Соли ҷавонон дар “Қасри варзиш”- и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Муовини якуми Раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо, Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Зоҳидзода Олимҷон Алиҷон ва мураббии хизматнишондодаи Федератсияи Руссия Магомед Гусейнов иштирок доштанд.

Сухани ифтитоҳиро Муовини якуми Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҳматзода Рустам Мирзо оғоз намуда, қайд намуданд: Соли 2017 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардид, ин ташаббус баёнгари таваҷҷӯҳи роҳбари олии кишвар ба қишри созандаи ҷомеа буда, масъулияти ҷавонон ва варзишгаронро дар назди миллату давлат боз ҳам дучанд мегардонад. Боиси хушнудист, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвари муҳбубамон бо талошу пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи солимии аҳолӣ, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва бо ин васила дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани кишвар тадбирҳои шоиста рӯи кор омада, дар ин раванд силсилаи иқдомоти наҷиб амалӣ карда мешаванд.

Баъди суханронии муовини якуми Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҳматзода Р.М. мураббии хизматнишондодаи Федератсияи Руссия Магомед Гусейнов сипос ва миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ва варзишгарон изҳор намуда, ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Соли ҷавонон табрик намуд.

Сипас аз ҷониби муовини якуми Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҳматзода Р.М. ба Магомед Гусейнов тӯҳфа ҳамчун рамзи либоси миллӣ ҷома ва тоқии тоҷикона ҳадя карда шуд.

Баъдан аз ҷониби ҳунармандони вилояти Суғд барои болидахотирии меҳмонон, варзишгарони дуру наздик ва мухлисон барномаи фарҳангӣ пешкаш карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар чорабинии мазкур зиёда аз 250 нафар варзишгарон, аз Ҷумҳурии Афғонистон, Қирғизистон, Федератсияи Руссия ва варзишгарони тоҷик аз вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру Душанбе ва шаҳру ноҳияи тобеи марказ иштирок доштанд. Мусобиқа аз рӯи вазнҳои 46, 50, 55, 66, 74, 84, 96, 120 кг байни варзишгарони соли таваллудашон 1998 – 2001 оғоз карда шуд.

Дар маросими пӯшидашавии мусобикаи мазкур Муовини якуми Раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо, Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Зоҳидзода Олимҷон Алиҷон ва мураббии хизматнишондодаи Федератсияи Руссия Магомед Гусейнов ба ғолибон ва ҷоизадорон тӯҳфаи хотиравӣ бо медал, ифтихорнома ва мукофотхои пулӣ қадрдонӣ карда шуд.

Дар мусобиқаи мазкур аз ҷиҳати ишғоли ҷойҳои намоён ва миқдори медалҳои ба дастовардаи варзишгарон ба ҳисоби миёна ҷойи аввал ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойи дуюм Федератсияи Руссия ва ҷойи сеюм ба Ҷумҳурии Қирғизистон дода шуд.

Хушбахтона, варзишгарони Точикистон ҳамасола дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори дастовардҳои баланд мегарданд ва шарафи варзиши Тоҷикистони азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.

Меҳмонон ва варзишгарони хориҷӣ барои ташкили чунин мусобиқаи байналмилалӣ ва аз меҳмондориву меҳмоннавозии ҳозирин изҳори сипос намудаанд.

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо