wrapper

Варзиш

Ашт:Мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба бокс

20 июли соли равон дар толори Мактаби варзишии №1-и ноҳияи Ашт мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба бокс байни ҷавонон ва наврасони соли таваллудашон 2002-2008 оғоз гардид, ки он то санаи 21 июл идома меёбад.

Муфассал ...

Машқҳои пагоҳирӯзӣ - солимгардонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар партави сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани варзиш ва пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна омилҳои номатлуби ҷомеа, пешгирии онҳо аз қабили нашъамандӣ ва касалиҳои сирояткунандаи ҷинсӣ, махсусан ВНМО/ВБПМ санаи 28 июли соли 2018 машқҳои пагоҳирӯзӣ ва солимгардонӣ таҳти унвони “Ҳаёти солим – интихоби мост!” бо ҷалби беш аз 3100 нафар ҷавонону наврасон ва варзишгарони номии вилоят (1000 нафар духтарон) ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Мусобиқа оид ба футболи хурд байни дастаҳои маҳаллаҳо, корхонаву ташкилотҳои шаҳри Хуҷанд

Санаи 26 июн то 24 июли соли 2018 дар варзишгоҳи маҳаллаи «Раззоқ»-и шаҳри Хуҷанд баҳри дар амал тадбик намудани дастуру супоришхои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки санаи 12 майи соли 2018 дар Кохи Борбад баргузор гардид, мусобиқа оид ба футболи хурд байни дастаҳои маҳаллаҳо, корхонаву ташкилотҳои шаҳри Хуҷанд ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба шашка ва шоҳмот байни шахсони қувваи босираашон суст ва нобино

Дирӯз бо дастгирии мақомоти иҷроияи давлатии шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дастгирии шахсони маъюб, қувваи босираашон суст ва нобино, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, рушди намуди варзиши шашка ва шоҳмот дар китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхўҷа Асирӣ мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба шашка ва шоҳмот байни шахсони қувваи босираашон суст ва нобино баргузор гардид.
Ин мусобиқа, ки бахшида ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он 40 нафар шахсони қувваи босираашон суст ва нобино иштирок намуданд.
Дар намуди шашкаи русӣ байни занон сазовори ҷои якум Дилфуза Абдуғаниева, ҷои дуюм Марҳабо Мўминова, ҷои сеюм Моҳинисо Ҳасанова сазовор гардиданд. Дар ин намуд байни мардон ҷои якумро Абдуғафур Алиев, ҷои дуюмро Акрам Салимов ва ҷои сеюмро Абдуллоҷон Мирбобоев ба даст оварданд.
Дар намуди шоҳмот байни мардон мақоми аввалро Абдуҳамид Сатторов, зинаи дуюмро Иззат Ҷаҳонгиров ва ҷои сеюмро Абдуқаюм Юнусов соҳиб гардиданд.
Аз рўи намуди шашка байни наврасон сазовори ҷои якум насиби Зумрад Қобилова, ҷои дуюм Шаҳзода Абдукаримова ва ҷои сеюм Саида Шерматова шуд. Аз рӯйи намуди номбурда байни писарон мақоми аввалро Абдуллоҷон Атамуллоев, ҷои дуюмро Парвиз Қаҳоров ва ҷои сеюмро Далер Ғаффоров ишғол намуданд.
Ғолибон бо ифтихорномаҳо ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Мусобиқаи шоҳмоту шашака байни аъмоён
Дирӯз бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дастгирии шахсони маъюб, қувваи босираашон суст ва нобино, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, рушди намуди варзиши шашка ва шоҳмот дар китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхўҷа Асирӣ мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба шашка ва шоҳмот байни шахсони қувваи босираашон суст ва нобино баргузор гардид.
Ин мусобиқа, ки бахшида ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он 40 нафар шахсони қувваи босираашон суст ва нобино иштирок намуданд.
Дар намуди шашкаи русӣ байни занон сазовори ҷои якум Дилфуза Абдуғаниева, ҷои дуюм Марҳабо Мўминова, ҷои сеюм Моҳинисо Ҳасанова сазовор гардиданд. Дар ин намуд байни мардон ҷои якумро Абдуғафур Алиев, ҷои дуюмро Акрам Салимов ва ҷои сеюмро Абдуллоҷон Мирбобоев ба даст оварданд.
Дар намуди шоҳмот байни мардон мақоми аввалро Абдуҳамид Сатторов, зинаи дуюмро Иззат Ҷаҳонгиров ва ҷои сеюмро Абдуқаюм Юнусов соҳиб гардиданд.
Аз рўи намуди шашка байни наврасон сазовори ҷои якум насиби Зумрад Қобилова, ҷои дуюм Шаҳзода Абдукаримова ва ҷои сеюм Саида Шерматова шуд. Аз рӯйи намуди номбурда байни писарон мақоми аввалро Абдуллоҷон Атамуллоев, ҷои дуюмро Парвиз Қаҳоров ва ҷои сеюмро Далер Ғаффоров ишғол намуданд.
Ғолибон бо ифтихорномаҳо ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Муфассал ...

Марҳилаи дуюми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ва гӯштини миллӣдар вилояти Суғд

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд санаи 6 июли соли равон дар толори варзишии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маросими пӯшидашавии марҳилаи дуюми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ва гӯштини миллӣ бахшида ба 21-солагии Ваҳдати миллӣ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил ва баргузор гардид. Дар оғози даври финалии гӯштини миллӣ намоиши бозиҳои варзишӣ аз қабили ушу, каратэ-до, таэквандо ВТФ, велосипедронӣ, волейбол, бадминтон, футбол, гимнастика, бокс, чавгонбозӣ ва гӯштини миллӣ пешниҳоди мухлисон гардид.

Муфассал ...

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо