wrapper

Ҷавонони Бӯстон дар маҳфили шоми ҷавонӣ ба ҳам омаданд

Дар асоси нақша-чорабиниҳои моҳвораи ҷавонон имрӯзҳо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатии "Шоми ҷавонӣ" баҳри истиқболи сазовори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва соли 2018 "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" байни ҷавонони касбу кори гуногун дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Бӯстон баргузор гардида истодааст. Аз ҷумла чунин чорабинӣ имрӯз бо иштироки ҷавонон-хонандагони литсеи 1 баргузор гардид.

Баргузории мусобиқаи гӯштини самбо дар шаҳри Бӯстон

Имрӯз, 15 май дар толори варзишии ба номи генерал-майор Рустам Амакиеви мактаби варзишии шаҳри Бӯстон мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштини самбо бахшида ба таҷлили сазовори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид. 
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Хусравшоҳ Исмоилов наврасону ҷавононро ҷиҳати ширкати фаъолона дар мусобиқа таҳният гуфта, аз раванди дастгирии давлатии варзишгарон ва оммавияти варзиш дар мамлакат ибрози назар намуд. 
Дар мусобиқа зиёда аз 100 нафар варзишгарони шаҳр ширкат варзида, беҳтаринҳо бо сипоснома, медал ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Муфассал ...

Семинар - машварат оиди мубориза бар зидди бемории хафнок ВНМО/БПНМ таҳти унвони "Оилаи солим - интихоби беҳтарин" дар шаҳри Бӯстон

Санаи 19 апрели соли 2018 бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд семинар - машварат оиди мубориза бар зидди бемории хафнок ВНМО/БПНМ таҳти унвони "Оилаи солим - интихоби беҳтарин" дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши наврасону ҷавонон бобати хавфи вируси бемории ВНМО/БПНМ, тарғибу ташваиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва коҳиш додани ин бемории сироятӣ байни ҷавонон бо ҷалби беш аз 120 нафар наврасону ҷавонони шаҳри Бӯстон ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Аксияи тарғиботӣ оиди мубориза бар зидди бемории хафнок ВНМО/БПНМ таҳти унвони "Оилаи солим интихоби беҳтарин"

 Санаи 19 апрели соли 2018 бо ибтикори клуби волонтёрони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд аксияи тарғиботӣ оиди мубориза бар зидди бемории хафнок ВНМО/БПНМ таҳти унвони "Оилаи солим интихоби беҳтарин" дар кӯчаву хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангӣ - фароғатии шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Спитамен бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши наврасону ҷавонон бобати хавфи вируси бемории ВНМО/БПНМ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва коҳиш додани ин бемории сироятӣ байни ҷавонон ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо

© 2018 Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд.
border=0