wrapper

Дуои модар мегирад…
“Ҳеҷ гоҳ аҳли савдо ба тасарруф аз худ кардани моли ҳампешааш қасд накунад, зеро он оқибати нангин дар ин дунё дошта, барбоди охират аст”.
Унсурулмаолии КАЙКОВУС
 
Саида дар маҳалла духтари аз ҳама зебо буд: хушқаду қомат, мӯйҳои дарозу чашмони бодомӣ, мижгонҳои чапагашта дошт. Оилаашон зиндагии миёнаҳоле мегузаронд. Падари Саида Ҳасан Ҳакимӣ, муаллими фанни математика, солҳои дароз дар мактаб ба толибилмон дарс мегуфт. Бо маоши муаллимӣ таъмини маишати 10 фарзанд осон набуд. Барои хизматҳои хоксоронааш аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ, Вазорати маориф бо “Ифтихорномаҳо” ва нишони сарисинагии “Аълочии маориф” қадршиносӣ гашта буд. Модари Саида кадбонуи беҳамто ва гули сари сабади занҳои маҳалла ба ҳисоб мерафт. Бо хислатҳои хуби инсонӣ – меҳрубонӣ, хоксорӣ, меҳмондӯстӣ, дур аз фитнаву ғайбатчигӣ маҳбуби хурду калон гашта буд.
 
Дар иҳотаи гарми ин хонадон 10 фарзанди ҷигарбанди онҳо тарбия меёфтанд. Ба зиндагии хоксоронаву пур аз меҳру муҳаббати онҳо чашм расид. Падари бузургворашон ба касалии саратон гирифтор шуда, баъди чанде даргузашт. Саида дар баробари бо баҳои аъло таҳсил намудан, дар корҳои ҷамъиятии мактабу шаҳр фаъолона ширкат меварзид. Ӯ, ки духтари калони хонадон буду орзуву ҳаваси ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шудан дошт, дигар орзуи ба шаҳри Душанбе рафтанро аз хотир бароварду ба омӯзишгоҳи тиббии ноҳия дохил шуда, аз паи тарбияву ба камол расонидани хоҳаракону додараконаш гардид. Омӯзишгоҳро бомуваффақият хатм намуда, дар дармонгоҳи наздики хонаашон ба кор шуруъ кард. Ҳарчанд хостгорҳо ба хонаашон бисёр меомаданд, қотеъона ҷавоби рад медод. Медонист, ки ягона дастгири модару хоҳараконаш мебошад. Солҳо сипарӣ мешуданд, хоҳару додарҳояшро ба зиндагии мустақил гусел мекард, аммо боре ҳам дар бораи худ фикр намекард. Дар ин миён модараш бо сабаби бемории қалб аз дунё гузашт. Бори вазнини зиндагӣ ба дӯши ӯ афтод. Синну солаш ҳам ба 38 расид.
 
Рӯзе дугонааш Қумрӣ ба наздаш омада гуфт, ки то кай ҳамин хел мегардӣ, умрат рафт, лоақал оиладор шуда, барои худат як фарзанд ба дунё биёр, бародари ман кайҳост ба ту ошиқ асту инро гуфта наметавонад, зеро чанд шиносу рафиқонашро, ки хостгорӣ кардаанд, рад кардаӣ. Розӣ шав, ҳамин ҳафта тӯй барпо мекунем.
 
– Не, дугонаҷон, аҳволи хоҳару додари хурдиам чӣ мешавад?
 
– Онҳоро низ якҷоя хонадор мекунед, ту ҳам, Худо хоҳад, соҳиби фарзанд мешавӣ.
 
– Хайр, фикр мекунам.
 
Баъди чанде Саида бо Мирзо – бародари дугонааш Қумрӣ хонадор шуданд. Дар 40-солагӣ бо ёрии духтурони ҳозиқ соҳиби писар гардиданд. Саида худро хушбахттарин инсони рӯи замин ҳисоб мекард. Дар хонадонаш офтоби бахту саодат нур пошид, дилгармие бахшид. Замину осмон дар назараш дигаргун гашт. Ба фарзандаш Хуршед ном ниҳод. Хуршед зиндагии ӯро дигар кард.
 
Ҳар замон шукри Худованд мекард, ки ӯро низ баробари дигарон аз ин неъмати бузург бенасиб нагардонид. Ҳамин тавр, Хуршедро бо ҳазорон меҳру муҳаббат калон кард, соҳиби маълумот намуд. Хуршед ҳам чун модараш меҳрубон, боодоб, хушахлоқ, камгапу шармин ба воя расид. Баъди хатми донишгоҳ бо сабаби набудани собиқаи корӣ (Аҷиб, ҷавон донишгоҳро нав хатм кардаасту аз вай собиқаи кор мепурсанд!) ӯро дар муассисаҳои давлатӣ ба кор нагирифтанд. Маҷбур шуд ба яке аз фирмаҳои савдои хӯроки умумӣ ба кор дарояд. Дар муддати 4-5 моҳи корӣ, ки ҳоло корро ба пуррагӣ наомӯхтааст, директори фирма ӯро ба наздаш даъват карда мегӯяд, ки “Хуршед, ту 50 ҳазор сомонӣ камомад кардаӣ”. Хуршед, ки то ҳол ин қадар пулро надидаву то ҳол бо 600 сомонии модар зиндагиро пеш мебурданд, ҳуш аз сараш парид.
 
– Ако, ин қадар маблағро ман савдо ҳам накардаам ва надидаам, – гуфт бо овози ларзон.
 
– Як ҳафта муҳлат, агар 50 ҳазор наорӣ, ба суд медиҳамат, – гуфт директори фирма.
 
Хуршед воқеаро ба модараш нақл кард. Чӣ кор карданашонро намедонистанд. Ҳарчанд модар ба сарвари фирма фаҳмонд, ки онҳо як якхонагӣ доранду дигар аз молу пул дороие надоранд, ба ӯ гӯш надода, бо кибру ғурур “ба суд медиҳамат” – гӯён баромада меравад. Саида бо писараш назди суди ноҳия рафтанд, адвокат гирифтанд, лекин ҳама бо як овоз Хуршедро гунаҳкор менамуданд. Саидаи соҳибҷамол, ки ҳама ошиқи ӯ буданду одамгариву фурутанӣ, меҳнатдӯстии ӯ, масъулиятшиносиаш вирди забонҳо гашта буд, имрӯз аз панҷаи тори анкабут раҳоӣ ёфтанашро ба тақдир ҳавола мекунад, ба мардони тоҷик чашм расидааст, модари зорро аз хонааш меронанду ҷавони 23-соларо, ки нав ба зиндагӣ по мегузорад, пешпо дода, аз ин ҳоли табоҳи онҳо девони гурусна барин панҷа ба даҳон мебаранд.
 
Дуои модар мегирад…
Другие материалы в этой категории: « Артиши миллӣ ва рисолати ватандорӣ

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо