wrapper

Тарбиятгари нахустин

Солҳо сипарӣ мешаваду панду андарзҳои падару модари азизам гӯё ҳамчун китоби боз як-як ба кор меоянд. Чашм ба рӯйҳои нурониашон медӯзаму аз диданашон сер намегардам. Ин меҳрубонии Худованд аст, ки чунин волидайн насибамон гардиданд.

Самараи ранҷҳои зиёд, дардҳои сангин, бедорхобиҳо, омӯзиш пайи омӯзишҳо, ки имрӯз мо соҳибмаълумоту соҳибкасб, дорандаи оилаҳои солим, фарзандон, обрӯю эътибори мардум гардидаем.

Падару модарам ҳар бор ба мо такрор менамуданд, ки мо ҳамеша аҳл бошем, «Аҳлигарӣ ҳама корҳоро саҳлу осон менамоянд». Ё панду андарзҳои бузургонро замзама намуда, суханонашонро ҷон мебахшиданд. Васиятҳояшон, пандҳояшонро дар ҳар қадамамон истифода мебарем. Онҳо мегуфтанд:

- Мунтазири он машав, ки фарзанд чӣ хеле ки хоҳӣ, ҳамон тавр тарбия мегирад. Барои инсони комил гардиданаш ба вай ёрӣ расон. Дар оилаатон муҳити орому осударо фароҳам кунед, хурсандиву меҳрубонӣ ва иззату эҳтироми якдигарро бунёд созед. Волидайн будан касб ё вазифа нест, ин талаботи табиии инсонист...

Нармсухану дилёбу мушкилкушо бошед. Фарзанд мисли ниҳолест, ки то ба камол расониданаш заҳматҳои доимиро талаб мекунад. Фарзандоне, ки одобу ахлоқи ҳамида доранд, маърифат дониш ва бар иловаи ин касбу ҳунари хуб низ доранд. Падару модароне, ки ба тарбияи фарзанд бетаваҷҷуҳанд ояндаи пуразобу пурмашаққатро интизоранд.

Падару модарамон хеле сахтгир буданд, аз ин корашон гоҳе ба хаёл фурӯ мерафтам. Имрӯзҳо аз дидани баъзе ҳодисаҳо дарк намудам, ки ин ҳама заҳматкашиҳо, коҳишҳо барои омодасозии мо ба ҳаёт, зиндагии ояндаи мо, зина ба зина ба қуллаҳои баланду орзуҳои ширин ҳидоят намудан будааст.

Зиндагӣ пастиву баландӣ, талхиву ширинӣ ва ғаму шодиҳо дорад ва эркадориву найрангкорӣ фарзандро албатта фиреб хоҳад дод. Дар ҳама ҷой шахси фиребгару ҷангандоз, дурӯғӯю дурӯя фиреб мехӯраду инсони росткору ростқавл, покизаақидаю равшанфикр соҳиби обрӯю эътибори мардум мегардад. Аз ин рафтори хуби фарзандаш албатта падар ва модар шод мешавад, меболад, самараи заҳматҳои чандсолаашро мачашаду ком ширин мекунад.

Рӯзе дар бозор шоҳиди як воқеа шудаму бори дигар маънии сахтгирии волидонамро дарк намудам.

Модари 26-28-сола дар назди фурӯшандаи бозичаҳои бачагона фарзандашро, ки тақрибан 3-4-сола аст, чанд шаппотии обдор зада, бо овози баланд дашном медод, гӯё бо одами калон хархаша мекард. Бача аз доду фарёди модараш тарсида, баландтар гиря мекард. Одамони хурду бузург тамошокунон гузашта мерафтанду ҳеҷ як нафар ҷуръати аз чанголи ӯ раҳо намудани бачаи хурдакакро намекарданд. Дилам ба ҳоли кӯдак сӯхт,                хостам бо суханони ширин ӯро ором кунам, даст бар сараш бурда навозиш кардам. Ин ҳолро дида, зан аз нав шӯр гирифт, асабҳояш чунон ба танг омада, ки гӯё чашмонаш аз косахонааш берун меомад.

Дар зиндагӣ ҳама мушкилеро бидуни ҷангу хархаша, муноқиша, ҳаросу таҳлука бо тамкину бурдборӣ ва бо мулоҳиза ҳаллу фасл кардан мумкин аст. Барои таскин додани дилҳои башӯромада дахолати калонсолон, бузургон, маслиҳату машварати дилсӯзонаи онҳо ниҳоят зарур ва муҳим аст.

Пирони куҳан бо таҷриба гӯянд сухан,

Некӣ бикунанд, таҷриба бо худ набаранд.

Тарбияву таълим аз хурдиву аз оила оғоз мешавад, “Тарбиятгари нахустин - модар” мегӯянд, ки ин ҳақ асту дуруст.

“Давраи мову шумо, замони мо, одамон дигар шудаанд” мегӯянд, ки инаш нодуруст аст. Замон ҳамон замону, одамон ҳамон одамону давр ҳамон даврон аст. Тарбия дигару таълим дигар шудааст. Тарбия, ба қавли модарам, рӯякӣ, таълим бошад, аз таҳти дил не, забонҳо сахту сард, тезу дилрешкунанда шуда, навозишу нармгуфториҳо барои намоишу худситоӣ гуфта мешаваду бас. Бадбинӣ, бадгӯйӣ нисбат ба ҳамдигар зиёд, тарбияи хуб кам дида шуда, ҷойи онҳоро фақат қаҳру ғазаб, сахтзабонӣ гирифта истодааст...

Қаҳру ғазаб ва асабоният дар оила ба инкишофи рӯҳии бача таъсири бад мерасонад. Ба ӯ ғизои асосӣ: забони ширин, бозиҳои шавқовар, муҳаббати самимӣ барои инсони хуб шудан зарур аст.

Бетаваҷҷуҳӣ тифлро бепарвою танбал месозад, барои кумаки самимона ҷиҳати инкишофи онҳо чун шамъ об шудан лозим аст. Барои ботарбияву таълимёфта ба воя расонидани фарзанд дастгирӣ, роҳнамоӣ ва фидокории падару модари сахтгиру омӯзгори ботаҷриба, роҳнамои пухтакору ширинсухан ногузир аст.

Ҳоло таълиму тарбияи ҷавонони моро тамошои сериалҳои даҳшатовару бешармона коста намуда истодааст. Аксари модарони ҷавон ба тамошои сериалҳо машғуланду дар сар ҳамеша хаёли давоми намоиш: “Чӣ мешуда бошад-а?”, “Ҷойи зӯрашба омада монд-а?”... Ҳатто кӯдаконашонро ба хонаҳои дугонаҳо, ҳамсояҳояшон гусел карда, дарёфти филмҳоро хоҳишу илтимос менамоянд.

Аз ин рафтор на кори хона, на таълиму тарбия, на хӯроки бомазаву бомеҳр, на муҳаббат ҳосил мешавад.

То ҳатто арӯсакони нозанин ҳам андармони телефонҳои мобилию интернету SMS шуда, аз кору бори хона, пухтупаз, шустушӯй, ки вазифаҳои муҳимтарини оиладорӣ мебошанд, дур шуда, хонаи навбунёду зиндагонии ширинашонро нимароҳ мегузоранд. Тарзи суханронӣ гӯё аз сериалҳо гирифта шудаанд, хоҳ пиру хоҳ ҷавон бе андешаю истиҳола сухан меронанд.

Албатта, модар, арӯс, духтар новобаста ба ҷавонию зебоӣ бояд аз уҳдаи корҳои хона бароянд, муомилаи хуб дошта, бо рафтору гуфтори нарму намунавиашон ба ҳама аъзои оила мақбул бошанд. Ба зебоӣ, покизагӣ, зудкориву худкорӣ, ба сариштакориву саранҷомии хонаву дар саҳмгузор бошанд. Вазифаҳои худро самимона, бомаҳорат, бошавқ ба анҷом расонанд Хурдсолон, ки ояндаи моянд, кӯшиши бо роҳи хуб рафтан мекунанд, сифати хуб, гуфтори ширин, ҳусни зебо, рафтори шоистаро меомӯзанд.

Тарбияи фарзанд тарзҳои зиёде дорад:

Падару модар дар назди чашми тифлашон ҳаргиз ҷангу мағал нанамоянд. Тифл ҳамеша шодию хурсандии падару модарро ҳис кунад.

Ба ҳар кору бори фарзанд эрод гирифта, ӯро баҳудаю беҳуда аз кардааш пушаймон накунед. Сухани дурӯғ нагӯед. Дар вақти сарзаниш ё насиҳат бузургон - бибию бобоҳо тарафгирӣ накунанд.

Бачаҳои эркаю гапнодаро якраву рӯйдав балои ҷони на танҳо падару модар, балки омӯзгор, ҳамсинф, ҳамсар ва дар охир, ҷамъият аст.

Дар нақлиёти мусофиркаш шоҳиди бисёр ҳодисаҳо мешавам, ки кӯдакони хурдсоли худро ба курсиҳо шинонида, худашон рост меистанд ё ба паҳлуяшон ҷой намуда, ба кунҷакаш ба дигар шахс ҷойи нишаст омода мекунанд, ки ҳеҷ ақлат намегирад, ки оё ба ҳамин як ҷойи хурд одами калон нишаста метавониста бошад. Ин гуна тарбия низ кӯдакро гумроҳ мекунад, “Қатра- қатра об ҳам дарё мешавад” гуфтагӣ барин оҳиста-оҳиста ин амалашон балои ҷонашон мегардад, овони хурдсолӣ ба ҷавонӣ гузашта, нодону саркаш, якраву қайсар мешаванд. Тарзи гуфтору либоспӯшӣ, тарзи оройиши рӯй ва мӯй, гуфту гузор бемаънию дилхарош мешавад.

Имрӯз ҳама аз пайи дарёфти ризқу рӯзӣ бо ҳар роҳу усул: яке баҳри ободии хонаву дар, дигаре баҳри моли дунё, бойигарианд. Як тараф, талош баҳри зиндагии афсонавӣ. Нафаре бо истифода аз мансабу мақомашон, нафари дигар ба умеди нафари дигар, ашхосе аз лагандбардориву хабаркашӣ, дигаре аз талхнамоии зиндагии ширини дигаре фаъолият мебаранд. Дар ин ҳолат чӣ тавр ин ашхос фарзандони худро гирдашон ҳалқа намуда, тарбия медода бошанд? Чӣ гуна ба тифлашон одоби сухан меомӯзанд?...

Писарон ба чӣ машғулияте, ки табъашон мехоҳад, овораанду духтарон бошанд, чӣ тарзе ки дилашон мекашад, дар бозору кӯчаҳо оворагардӣ менамоянд.

Ҳеҷ кас ба ҳеҷ кас коре надорад.

Ин бетарафии мову шумо наврасонро, ояндаи боумеди ҳар якамонро вайронкору ноуҳдабаро сохта, ба шомилшавӣ ба ҳар гуна амалҳои ношоиста оварда мерасонад, ки прушаймонӣ оқибат суд надорад.

Пеш аз ҳама, модарони азиз бояд фарзандро аз сидқ, бо меҳру самимият тарбия намуда, аз хурдсолӣ ба гуфти волидайн итоат кардан, муросо, бахшида тавонистан, эҳсоси рафтори баду некро омӯзонанд, то ки онҳо аз уҳдаи ҳурмати бузургон бароянд, ширинзабону боодоб бошанд.

Ҳоло ҳам дер нашудааст, бобою бибиҳои рӯзгордидаву пухтакори бузургвори мо, сахтгиру меҳрубон бошед. Падару модарони ғамгусору рӯзирасон, мураббияҳои хушбазону омӯзгорони тавоно бомаърифат, бетараф набошем.

Аз таҳти дил дӯст доштани Ватан аз дӯст доштани оила сар мешавад. Ба коре машғул бояд шуд, ки манфиаташ ҳам ба оилаву ҳам ба ҷамъият расад. Аз гузаштагони худ, таърихи бою пурмаънию пурганҷи бузургон истифода бурда, ҳамеша аз васияту насиҳатҳои онҳо баҳра барем.

Таълиму тарбияро ҷонноктар намуда, омӯзишро аз таҳти дил, чуқуртар ба роҳ монем, ки ба тамоми умрашон кифоя бошад.

Зулфия СОЛИЕВА, омӯзгори м.т.м.у. №61.

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо