wrapper

Истифодаи таъкидҳои сарвари давлат дар дарс

Мусаллам аст, ки соҳаи маориф ҳамеша дар маркази диққати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дастгирӣ ва ғамхориҳо ҷиҳати рушди соҳаи илму маориф ва таъкидҳо доир ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷомеа, такмили ҷаҳонбинии хонандагон, баланд бардоштани савияи дониши онҳо башорат аз дилзӯзию дилогоҳии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медиҳад.

Сарвари давлат дар ҳар вохӯрӣ ва паёми ҳарсола бештар ба таълиму тарбияи ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва фарҳанги сиёсии ҷомеа диққати махсус дода, ба соҳаи маориф таъкид кардаанд: «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун раҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи даврон масъул аст».

Имрӯзҳо гӯшаву канори гуногуни оламро низоъҳои қавмиву мазҳабӣ, диниву сиёсӣ ва мухолифати байни миллатҳо фаро гирифта истодааст, ки мо - омӯзгоронро бетараф намегузорад. Моро зарур аст, ки хонандагонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳӣ, зебоипарастӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти Тоҷикистон, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, ҳурмати волидайну калонсолон тарбия намоем. Тарбия кори якрӯза, якмоҳа ва солона нест, балки амали доимии омӯзгор аст, зеро ба тарбияи насли наврас ҳар лаҳзаву ҳар дақиқа равандҳои гуногун таъсир расонида метавонанд. Фориғболӣ дар ин ҷода ва чашм пӯшидан аз мушкилот - ин дидаву дониста ба худ, ба насли наврас, ба Ватан ва сарзамин хиёнат кардан мебошад.

Вазъи тарбияи насли наврас масъалаи мубрами рӯз аст. Бояд роҳҳои ҳалли онро ҷуст. Ҳар як омӯзгор пеш аз он, ки дарсро оғоз намояд, чанд дақиқаи онро барои тарбия сарфа намояд. Метавонад доир ба вазъи ҳозира, пешгирии шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракатҳо суҳбат гузаронида, аз ҳаёти одамони фаъоли ҷомеа мисолҳо орад. Чӣ тавр ба даст овардани сулҳу ваҳдатро ба хонандагон хотиррасон намуда, онҳоро ба роҳи рост, ба ояндаи нек ҳидоят намояд.

Омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик дар ҷараёни дарс метавонанд аз таъкидҳои Сарвари давлат мисолҳо оварда, онро дар тахтаи синф навишта, бо хонандагон хелҳои гуногуни таҳлилро гузаронанд ва ба хонандагон оид ба маънои навиштаҷот баҳс намоянд. Масалан: «Ҷавонони мо неруи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд». Ҷумларо ҳамроҳи хонандагон таҳлили синтаксисӣ ва морфологӣ мекунем. Дар атрофи ин ҷумла бо хонандагон суҳбат барпо мекунем. Аллакай хонандагон бо шунидани ин ҷумла нисбат ба давлату миллати худ эҳтиром пайдо мекунанд. Албатта, ин ба омӯзгор вобаста аст. Бояд омӯзгори фанни забони тоҷикӣ тавре бихонад, ки ба хонанда таъсири хуб расонад. Ё мисоли дигар, ки хонандагонро барои пос доштан ва баланд бардоштани мақоми забони тоҷикӣ водор мекунад, аз таъкидҳои Сарвари давлат меорем. «Забон асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат аст. Ифтихори миллӣ ба ватану ватандорӣ аз волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ доштани он сар мезанад», «Забон беҳтарин сарват ва қиматтарин дороии миллат аст. Пойдорӣ ва рушди забон нишонаи ҳастии миллат мебошад».

Сарвари давлат нисбат ба осори пурғановати ниёгонамон, мисли Рӯдакию Фирдавсӣ, Балхию Кайковус, Форобию Биноӣ, Ҷомию Сино, Саъдию Ҳофиз, Хайём, Аҳмади Дониш ва Айниву Ғафуров, Лоиқу Турсунзода, Гулрухсору Фарзона эҳтироми хоса доранд. Дар вохӯриҳояшон аз гуфтаҳои гузаштагонамон сухан ронда, ҷавононро барои омӯхтани асарҳои ахлоқию илмии онҳо водор мекунанд.

Мо бояд насли ояндасози миллатро бо истифодаи тамоми воситаҳо ва имконияти мавҷуда тарбия намуда, ба камол расонем. Чунонки Сарвари давлат таъкид кардаанд: «Ҷавонон ояндаи миллатанд».

 

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо