wrapper

Оилаи пойдору тарбияи сазовор

Одам яке аз беҳтарин офаридаҳои Парвардигор ҳисобида шуда, дорои ақлу заковат ва истеъдоди баланд аст. Яке аз амалҳое, ки Худованд ба инсон раво дидааст, ҳаётгузаронӣ дар рӯйи замину дар байни ҷомеа ва бунёди оила мебошад.

Чунонки аз таърих маълум аст, дар замонҳои қадим - ҷомеаи ибтидоӣ одамон гурӯҳ-гурӯҳ умр ба сар мебурданд. Ҳамаи корҳоро бо маслиҳат ба ҷо меоварданд. Алалхусус тарбияи кӯдакону наврасон аз мадди назар дур намемонд. Тарбия кори умум ба ҳисоб мерафт.

Одамон бо гузашти замон оила бунёд мекардагӣ шуданд. Оилаи навбунёд таҳти назари пирони рӯзгордида ва гармиву сардии ҳаётро чашида қарор дошт. Агар соҳиби фарзанд шаванд, аз пайи саломатии кӯдаку модари ҷавон мешуданд. Ба кӯдак номи зебо мегузоштанд. Ҳанӯз он замон якҷоя аз рӯйи шиори «Ҳама барои як кас, як кас барои ҳама» зиндагонӣ мекарданд.

Оилае, ки бо маслиҳати тарафайну дӯстдории байни духтару ҷавон, бо назардошти боби 3, моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (тӯйи домодию арӯсӣ ва бо гузаронидани маросими қайди давлатии ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ) барпо мегардад, таҳкурсии миллатро боз мустаҳкамтар мегардонад.

Агар бо дастгирии падару модарони арӯсу домод оилаҳои ҷавон оилаи худро бино созанд, дар байни онҳо баҳрабардорӣ аз завқу шавқ ва шириниҳои ҳаёт, якдигарфаҳмӣ, масъулиятшиносӣ, ҳурмату эҳтироми аъзои оила, хешу табор, ҳаққу ҳамсоя ва кӯю маҳалла ҳис мегардад. Миллат бо чунин фарзандони худ фахр дошта, доимо пойдор боқӣ мемонад.

Барқарорву мустаҳкамӣ ва ҷовидонии пойгоҳи бузурги миллат аз пойдевори оила манша мегирад. Байни оила ва давлату миллат алоқаи зич пойдор бошад, он давлат устувор монда, доимо парчами осудагии он халқу диёр ҷилвагар мебошад.

Агар оила фарзандони солиму қобилу солеҳ, хештаншиносу масъулиятшиносро ба воя расонида тавонад, бо чунин оилаҳо фахр бояд кард.

Муҳаббат ба Ватани хеш, ҳисси миллатпарастӣ, ба ҷой овардани урфу одатҳои ниёгон, маросимҳо, таърихи бойи халқу миллатро наврасон, пеш аз ҳама, дар оила меомӯзанд. Ин эҳсосоти гуворову хуш дар қалби кӯчаки кӯдакон аз аллаи модар ибтидо гирифта, сипас аз Суруди миллӣ ва аз сурудҳои ватанпарастона, аз қабили «Марди хирманкӯб»-у «Ватан»-и Ҷ. Муродов ва монанди инҳо тақвият меёбанд.

Бояд қайд кард, ки барпо намудани оила ва тарбияи кӯдак барои ҳар як фарди комилу солимақл қарзи инсонӣ ба ҳисоб меравад.

Риоя накардан ба қонуният, ба ривоҷу равнақи фарҳангу маданиятнокӣ эътибор надодан, дурӣ ҷустан аз ҳаёти ҷамъиятӣ, канор гирифтан аз пешравии ҷомеа ба паҳн гардидани марази табобатнашавандаи маънавӣ оварда мерасонад. Дар байни омма якдигарнофаҳмӣ, барҳам хӯрдани ҳурмату эҳтироми якдигар, беэътиноӣ ба талаботи ҷории рӯзмарра, ноуҳдабароӣ, худписандӣ, фикру ақида ва амалҳои нодуруст нисбат ба дигарон, ба футуру заволи оила оварда мерасонад.

Аз оилае, ки дар роҳи хештаншиносӣ, ваҳдат, эҳтирому бузургдошти ниёгонамон, ахлоқи ҳамида, меҳандӯстӣ, саршори ишқу муҳаббати поки инсонӣ барпо мегардад, фарзандони шоистаи падару модар, халқу ватан ба воя расида, ба роҳи рости ҳаёт қадам мемонанд.

Халқи тоҷик аз қадим нисбат ба оила ва оиладорӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир мекарданд. Ҳаёти оилавии фарди тоҷик аз оташдони гарми падару модар, чароғи равшани хонадон, меҳри модару ғамхории падар ва дуои неки пирони рӯзгордида оғоз мегардад.

Мутаассифона, кӯдакону наврасон бо сабабҳои парокандашавии оила, фавти яке аз онҳо аз падар ё модар, аз хонаи гарму ҷойи нарми худ маҳрум мемонанд. Ҳарчанд ба тарбияи онҳо наздиконашон - бобою модаркалон, амаку тағою холаҳо ва дигар идораҳои парастор машғул шаванд ҳам, ҷойи падар ва модар дигар аст...

Бачагоне, ки меҳрубонӣ ва навозишҳои волидон ва хешону наздиконро надидаанд ё бо сабабҳои гуногун маҳрум мондаанд, аз бачагони дар оилаи пурра тарбияёфта фарқ мекунанд.

Шукри беҳадду канор, ки дар Тоҷикистони азизамон сарвари оқилу донои мо, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияту саховатпешагон дасти мубораки худро ба сари ятимону бепарасторон гузоштаанду намемонанд, ки ашки чашмони онҳо аз зери мижгони зебояшон шорад.

Ҳаёт исбот карда истодааст, ки кӯдак ҳадди имкон бояд дар оила як андоза тарбияи рӯҳӣ, маънавӣ, ҷисмонӣ гирад. Таҷрибаи чандинсолаи корҳои тарбиявӣ нишон дода истодааст, ки хонандаи дар оилаи нопурра ё носолим тарбиягирифта аз хонандаи дар оилаи пурра тарбияёфта фарқи калон дорад. Агар кӯдак аз дунёи кӯдакии худ дар оилаи нопурра ба синни наврасӣ гузашта бошад, норасоиҳои рӯҳию маънавии ӯ зиёдтар мешавад. Инҷиқию гапнодароӣ, сардсуханӣ, дуруштрафторӣ, канораҷӯйӣ, беэътиноӣ, дарсгурезӣ, набудани хоҳиш ба хонишу корҳои ҷамъиятӣ ва майл ба амалҳои номақбули ҷиноӣ аз рафтору кирдори ин гуна бачагон мебошад. Хусусан давраи балоғати онон ниҳоят ҳассос мегузарад. Таҷриба нишон медиҳад, ки бо чунин наврасон бояд хеле эҳтиёткорона муносибат кард.

Аз хотир баровардан лозим нест, ки дар симои ҳар навраси ноқобил мо симои шахсиятеро бинем, ки ӯ ҳам одам асту одамият асли ӯ бояд бошад. Охир, ӯ гунаҳкор нест.

Ҳар як наврас хислатҳои ба худ хоси нек низ дорад. Тарбиятгари он наврас - муаллим, падару модар, бобою оча, аммаю хола ё каси дигари масъул бояд аз ҳамон тори хислатҳои неки он кӯдак дошта, оҳиста-оҳиста ба роҳи дурусти ҳаёт бибарад.

Пайғамбарамон Муҳаммад (с.а.в.) овардаанд: «Дар назди Худованд аз ҳама рафтори бад, кори номақбул ин пароканда шудани оила аст». Инчунин дар як ҳадиси пайғамбарамон омадааст: «Барпо намудани оила ва тарбияи кӯдак аз суннатҳои ман аст».

Тарбия кори пурмасъули на фақат падару модар ва мактабу маориф маҳсуб мешавад, инчунин кори пуршарафи ҳар як шахсест, ки худро узви ҷомеа меҳисобад ва аз ин кори пуршараф дур намегардад.

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо