wrapper

Тарбия вақту соат надорад

Инсон новобаста аз синну сол ҳамеша муҳтоҷи тарбия аст. Ҳолатҳое кам нестанд, ки марди рӯзгордидаю ботаҷриба ҳам баъзан беихтиёр ба камбудӣ роҳ медиҳад. Баъдтар амалу рафтори худро ёд оварда, зери лаб “Ман бо кадом ақл ҳамин корро иҷро намудам”-гӯён афсӯс мехӯрад.

Синни мубораки падар ба навад наздик шуда бошад ҳам, дар забонашон пайваста насиҳат буд. Оид ба одоби салом, ҳурмати пирон, меҳмоннавозӣ, аёдати бемор, кумак ба корафтодагон гаштаю баргашта ҳарф мезаданд.  Мабодо мо, бачаҳо, сухани ноҷое гуфта монем, дарҳол “Ба каллаат ҳар чӣ ояд ба забонат наор, аввал андеша кун, баъд гап зан, писарам” мегуфтанд. Боре аз эроди сахти он кас ошуфта гардида “Инсоф кунед, падар, синни ман ба 50 расидааст. Шукр, ақлу фаҳмам ба баъзе корҳо мерасад” – гуфтам. Бузургвор табассум карда, чунин суханонро ба забон оварданд:

- Вазифаи падару модар тарбияи дурусти фарзанд, ӯро ба роҳи рост ҳидоят кардан аст. Синнат ба камолот расида бошад ҳам, ту назди ман ҳамоно кӯчак ҳастӣ. То зиндаам, ҳар як камбудиатро такрор ба такрор мегӯям, ба гӯшҳоят об карда мерезам. Ба ислоҳи он бикӯш, то фурсатро аз даст надиҳӣ. Дар навбати худ ту ҳам вазифадор ҳастӣ, ки рисолати инсонии худатро назди фарзандонат адо кунӣ, то рӯзе афсӯсу надомат насибат нагардад.

 Ҳар дафъае, ки ягон қадами ноҷойи фарзандону набераҳо ва дигар бачаҳоро мушоҳида мекунам, гуфтаҳои падар ба ёд меоянду дарҳол ҳидоятгари онҳо ба роҳи рост мешавам. Баъзан ба андеша меравам, ки чаро ин анъанаи нек ҳоло аз байн рафта истодааст. Падару модарон ба иҷрои заруртарин ва муҳимтарин вазифа – тарбияи фарзанд, ки Худованд дар Қуръони азимушшаън онҳоро ба ин ҳидоят намудааст, саҳлангорӣ мекунанд.

Ана ҳамон насиҳату роҳнамоии калонсолон дар солҳои пеш моро водор месохтанд, ки ҳар қадами хешро дониста гузорем. Дӯстдори миллату ватани худ бошем. Лаҳзае ҳам инсон буданамонро фаромӯш накунем. Ба корафтодагон, пайвандон ва аҳли маҳаллаю деҳа меҳрубон бошем. Имрӯз он риштае, ки хурду бузургро ба ҳам пайванд месохт, наздик аст, ки канда шавад. Дар аксар ҳолатҳо волидон бо роҳи худу фарзандон бо роҳи хеш қадам мегузоранд. Ин касеро ба ташвиш намеорад. Бепарвоию беназоратӣ боиси сертакаббур, бадҷаҳл, бемеҳр, беандеша, хуллас, беодоб шудани бархе аз ҷавонон шуда истодааст.

Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо овози баланд ҳарф задан ва изҳори ишқ бо истифодаи телефони мобилӣ, дағалмуомилагӣ бо шахсони аз худ калон, мошинсавориҳои ноҷо, ба атрофиён бо тамасхур нигаристан ва ғайра ба ҳукми одат медарояд. Баъзан муносибати як ҷавонро ба ҷавони дигар дида, кас ба ҳайрат меафтад. Он ғайри таҳқири ҳамдигар чизи дигаре нест. Беҳурматии баъзе аз ҷавонон нисбат ба ёдгориҳои таърихӣ, оромгоҳҳо, курсиҳои сари роҳҳо гузошташуда ва ғайра ҳадду андоза надорад ва онро ҳоҷат ба шарҳу эзоҳ ҳам нест.

Аз он ба ҳайрат меоям, ки падару модарон ҳамаи инро бо чашмони сар мебинанд, агар фарзанд чизеро ба хона  бардошта оварад, намепурсанд, ки онро аз куҷо гирифтааст. Дигаронро дида “Ин рафтори ҷавонон хуб нест”–гӯён хулосабарорӣ мекунанд. Лек вақте ки кор ба фарзанди хеш ё пайвандонашон оид гашт, чашм ба сӯйи дигар медӯзанд. Бетарафиро афзал медонанд. Ин ҳаргиз аз рӯйи инсоф нест.

Маълум, ки имрӯз бо тақозои замон падару модарон серкор шудаанд. Аз субҳ то шом меҳнат мекунанд, то рӯзгорро саришта намоянд. Ҳеҷ кас муқобили ин нест. Лек шабонгаҳ хоҳу нохоҳ аҳли оила ба як ҷо, атрофи сандалӣ ва ё бухорӣ ҷамъ меоянд–ку. Наход, калонсолон имкони лаҳзае аз тамошои телевизор фориғ шудану ба бачаҳо дар хусуси неку бад чанд ҳарф ба забон оварданро надошта бошанд? Доранд. Танҳо ба онҳо шавқу рағбат, майлу хоҳиш намерасад. Бо умеди он, ки  бача ба воя расад, ақлаш медарояд, қаноат мекунанд.

Борҳо гуфтанду мегӯем, ки ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашудааст. Агар мо рафтору кирдори наврасро таҳти назорат нагирем, пас онро кӣ мегирад. Бача қоидаи одобу рафторро аз куҷо меомӯзад? Танҳо ба умеди боғчаю мактаб шудан нашояд. Охир, бояд фаҳмем, ки вазифаи таълимгоҳҳо дигар асту масъулияти оила чизи дигар. Вақти зиёди бача дар таълимгоҳ не, дар хона мегузарад. Ҳамаи онҳое, ки падару модар шудан насибашон гаштааст, дар мактабҳо таълим гирифтаанд ва хуб медонанд, ки гузаштагони мо бо эъҷози сухан ва панду насиҳат, даъват ба хушодобию хушсуханӣ намунаи ибрати башарият буданд. Оё муносибати имрӯзаи мо ба тарбия носипосӣ нисбат ба рафтор ва пиндору гуфтори неки аҷдодон нест?

Ҳоло ҳам фурсат аз даст нарафтааст. Мо бояд ба иҷрои заруртарин вазифа – тарбия ҳар лаҳзаву ҳар соат эътибор диҳем. Нашавад, ки рӯзе ҳамон дастпарварон аз бетарафии мо фирефтаи молу чизи дунё гардида диламонро озурда, сарамонро хам гардонанд. Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ гуфтаанд. 

 

Другие материалы в этой категории: Оилаи пойдору тарбияи сазовор »

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо