wrapper

Мақолаҳо

Дуои модар мегирад…

“Ҳеҷ гоҳ аҳли савдо ба тасарруф аз худ кардани моли ҳампешааш қасд накунад, зеро он оқибати нангин дар ин дунё дошта, барбоди охират аст”.
Унсурулмаолии КАЙКОВУС
 
Саида дар маҳалла духтари аз ҳама зебо буд: хушқаду қомат, мӯйҳои дарозу чашмони бодомӣ, мижгонҳои чапагашта дошт. Оилаашон зиндагии миёнаҳоле мегузаронд. Падари Саида Ҳасан Ҳакимӣ, муаллими фанни математика, солҳои дароз дар мактаб ба толибилмон дарс мегуфт. Бо маоши муаллимӣ таъмини маишати 10 фарзанд осон набуд. Барои хизматҳои хоксоронааш аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ, Вазорати маориф бо “Ифтихорномаҳо” ва нишони сарисинагии “Аълочии маориф” қадршиносӣ гашта буд. Модари Саида кадбонуи беҳамто ва гули сари сабади занҳои маҳалла ба ҳисоб мерафт. Бо хислатҳои хуби инсонӣ – меҳрубонӣ, хоксорӣ, меҳмондӯстӣ, дур аз фитнаву ғайбатчигӣ маҳбуби хурду калон гашта буд.

Артиши миллӣ ва рисолати ватандорӣ

«Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст».
Конститутсияи Тоҷикистон

Ин вазифаҳои муҳимро мо вақте сарбаландона иҷро карда метавонем, ки ба моҳияти истиқлол, арзишҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд сарфаҳм равем ва ба таҳаввулоти мафкуравии гиромидошти ин меъёрҳо, ки омили аслии мавҷудияти ҷомеаи мутамаддин ва ободии рӯзгори ҳар фард аст, муваффақ гардем. Дар ин замина шарти муҳимтар он аст, ки эҳсоси соҳибватан буданро дар худ парвариш диҳем ва дар ақлу идроки худ расидан ба қадри неъмати бебаҳои ватандориро мароми зиндагии хеш созем.

Муфассал ...

Омӯзгор бояд хато накунад

Дар ин ҷаҳони пурталотум, ки ба ҷаҳонӣ шудани инсоният таъбир менамоянд, бештари фарҳангҳо, хусусан фарҳангу арзишҳои миллии кишварҳои рӯ ба рушд дар вартаи хатар қарор доранд. 

Муфассал ...

Тарбиятгари нахустин

Солҳо сипарӣ мешаваду панду андарзҳои падару модари азизам гӯё ҳамчун китоби боз як-як ба кор меоянд. Чашм ба рӯйҳои нурониашон медӯзаму аз диданашон сер намегардам. Ин меҳрубонии Худованд аст, ки чунин волидайн насибамон гардиданд.

Муфассал ...

Истифодаи таъкидҳои сарвари давлат дар дарс

Дастгирӣ ва ғамхориҳо ҷиҳати рушди соҳаи илму маориф ва таъкидҳо доир ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷомеа, такмили ҷаҳонбинии хонандагон, баланд бардоштани савияи дониши онҳо башорат аз дилзӯзию дилогоҳии Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медиҳад.

Муфассал ...

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо

© 2018 Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд.
border=0