wrapper

Хабарҳо

Мусобиқаи вилояти Суғд оид ба марафони велосипедронӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Дар заминаи сиёстаи варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ – Певшои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат”, ки бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 14 майи соли 2018 №186, тасдиқ карда шудааст, санаи 19 майи соли 2018 дар назди Маҷмааи таърихӣ ва фарҳангии “Истиқлол” мусобиқаи вилояти Суғд оид ба марафони велосипедронӣ ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Аксияи вилоятии ҷойҳои кории холӣ

Санаи 18 майи соли 2018 бо ташаббуси клуби волонтёрони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд аксияи вилоятии ҷойҳои кории холӣ дар Регистони бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва намоиши маҳсули ҳунарҳои мардумӣ

Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар ҳамкори бо Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд ва тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат”, ки бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 14 майи соли 2018 №186, тасдиқ карда шудааст, санаи 18 майи соли 2018 дар Регистони бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд ярмаркаи вилоятии ҷойҳои кории холӣ ва наоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ташкил ва баргузо гардид.
Бояд кайд кард, ки чорабинии мазкур бо мақсади таъсир расонидан ба рушди бемайлони сатҳи шуғлнокии аҳолӣ, ташкили шароити мусоид барои корхона, ташкилот ва муассисаҳо оид ба дарёфти намудани корманди мувофиқ, ба шаҳрвандони бекор муосидат намудан ҷиҳати дарёфти кори мувофиқ ва бо ин васила муътадил гардонидани вазъи бозори меҳнат мебошад.

Муфассал ...

Ҷанбаҳои илмӣ, амалӣ ва назариявӣ, натиҷагирӣ аз соли 2017 ҳамчун соли ҷавонон: дастгириҳои Пешвои миллат ва дастоварҳо дар самти сиёсати давлатии ҷавонон дар давраи соҳибистилолӣ

Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат”, ки бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 14 майи соли 2018 №186, тасдиқ карда шудааст, санаи 18 майи соли 2018 дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ Конференсияи вилоятии олимон ва муҳаққиқони ҷавони вилоят дар мавзӯи “Ҷанбаҳои илмӣ, амалӣ ва назариявӣ, натиҷагирӣ аз соли 2017 ҳамчун соли ҷавонон: дастгириҳои Пешвои миллат ва дастоварҳо дар самти сиёсати давлатии ҷавонон дар давраи соҳибистилолӣ” бо ҷалби беш аз 300 нафар олимон ва муҳаққиқони ҷавон аз муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят ташкилу баргузор гардид.

Муфассал ...

Ҷавонони Бӯстон дар маҳфили шоми ҷавонӣ ба ҳам омаданд

Дар асоси нақша-чорабиниҳои моҳвораи ҷавонон имрӯзҳо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатии "Шоми ҷавонӣ" баҳри истиқболи сазовори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва соли 2018 "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" байни ҷавонони касбу кори гуногун дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Бӯстон баргузор гардида истодааст. Аз ҷумла чунин чорабинӣ имрӯз бо иштироки ҷавонон-хонандагони литсеи 1 баргузор гардид.

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо

© 2018 Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд.
border=0