wrapper

Хабарҳо

Барномаи ток-шоуи "Айём" дар мавзӯи "Ҷавонон - такягоҳи боэътимоди Ватан"

Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат”, ки бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 14 майи соли 2018 №186, тасдиқ карда шудааст, санаи 22 майи соли 2018 дар Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд барномаи ток-шоуи "Айём" дар мавзӯи "Ҷавонон - такягоҳи боэътимоди Ватан" бо ҷалби раиси Шӯрои олимони ҷавони вилоят Саидзода Шӯҳрат, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Неъматов Муродҷон, ҷавонони фаъол, гирандагони стипендияҳои Раиси вилоят ва Президентӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят, варзишгарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муфассал ...

Пешвои миллат - ғамхори мо ҷавонон!

Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат”, ки бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 14 майи соли 2018 №186, тасдиқ карда шудааст, санаи 22 майи соли 2018 аз тарафи намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади дидорбинӣ ва аҳволпурсии ҷавонони имконияташон маҳдуд, ятимони кулл, ҷавонони бемор ва ҷавонони камбизоат ба аёдат рафтанд. Аёдати ин қишри ҷомеа дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз иқдомоти арзандаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба ҳисоб меравад. Дар доираи ин дидорбинӣ намояндагони Раёсат аз ҳолу аҳволи қишри ҷомеа огоҳ гардида, ба онҳо кӯмаки яквақтаина ва тӯҳфаи Раиси вилояти Суғдро ҳадя намуданд. Ҳамзамон изҳор доштанд, ки ҷавонони кишвар ва умуман, ҳамаи қишри ҷомеа дар зери таваҷҷуҳи ҳамарӯзаи давлат ва Ҳукумати кишвар қарор доранд.

Муфассал ...

Дави миллӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи олимпӣ таҳти унвони "Пешвои миллат рамзи иттиҳоду сарчамъӣ ва саодату осудагии мо"

Рӯзи 20 май дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд чорабинии варзишии Дави миллӣ баргузор шуд, ки дар он беш аз 25 ҳазор нафар одамони касбу кори гуногун иштирок намуданд.

Дар қатори ҳазорҳо нафар сокинони маркази вилоят Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ дар чорабинии мазкур иштирок намуд. Қабл аз оғози Дави миллӣ Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳузури сокинон суханронӣ намуда, аз дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи варзиш ёдоварӣ кард ва баргузории Дави миллиро ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим иқдоми муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.

Муфассал ...

Тамошои осорхонаи вилоятӣ тариқи ройгон бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат”, ки бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 14 майи соли 2018 №186, тасдиқ карда шудааст, санаи 18 майи соли 2018 як рӯзи тамошои осорхонаҳо тариқи ройгон бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо мақсади шиноси пайдо намудан аз таъриху фарҳанг, ниёгон ва аҷдодони хеш бо ҷалби бештари наврасону ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилоят аз субҳ то бегоҳ ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Машқҳои пагоҳирӯзӣ - солимгардонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат”, ки бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 14 майи соли 2018 №186, тасдиқ карда шудааст, санаи 19 майи соли 2018 машқи пагоҳирӯзӣ ва солимгардонӣ таҳти унвони "Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст!" бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ҷалби беш аз 6800 нафар наврасону ҷавонон, донишҷуёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят, варзишгарон ва сокинони вилоят (2220 нафар духтарон) доир гардид.

Муфассал ...

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо