wrapper

Хабарҳо

Мусобиқаи вилояти Суғд оид ба шашкаи 64 байни наврасону ҷавонон

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раëсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд санаҳои 28 май то 3 июни соли 2018 дар шаҳри Исфара мусобиқаи вилояти Суғд оид ба шашкаи 64 байни наврасону ҷавонони 6,8,10,12,14,16 ва 18 сола боло бахшида ба соли 2018 "Соли рушди сайëҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Мо фаъолияти волонтёриро рушд медиҳем!

Санаи 2 майи соли 2018 тибқи нақшаи чорабиниҳои клуби волонтёрони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич мизи мудаввар дар мавзӯи "Рушди фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо ҷалби беш 80 нафар ҷавонони қишрҳои гуногуни ҷомеа бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба фаъолияти волонтёрӣ, омӯзонидани бобати тарзи дуруст истифода намудани сомонаҳои иҷтимоӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Шиногоҳи соҳили дарёи Сир мавриди истифода қарор гирифт

1 июни соли 2018 бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шиногоҳи соҳили дарёи Сир, воқеъ дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд баъди азнавсозӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Ҷоиз ба зикр аст, ки шиногоҳ дар замони собиқ Иттиҳод Шӯравӣ фаъол буда, беш аз 20 сол инҷониб бинобар номутобиқатӣ ва хатарнок буданаш дар истифодаи умум қарор надошт. Бо ибтикори роҳбарияти вилоят шиногоҳи мазкур дар майдони 5 гектар аз нав фаъол гардид.

Муфассал ...

Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

1 июни соли равон дар Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ» -и маркази вилоят бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон мутантан таҷлил гардид.

Чорабинии мӯҳташами идона бо ширкати беш аз чаҳор ҳазор нафар кӯдакон, бо шумули тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоӣ, ятимони кул, ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ, байналмилалӣ, фосилавӣ, ғолибони сессияи Академияи хурди илмҳо, ғолибон ва иштирокчиёни озмунҳо, кӯдакони фаъол аз шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гашт.

Муфассал ...

Аксияи тарбиявӣ таҳти унвони "Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат" дар шаҳри Хуҷанд

Санаи 31 майи соли 2018 бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар кӯчаву хиёбонҳо, боғҳову гулгаштҳои шаҳри Хуҷанд аксияи тарбиявӣ таҳти унвони «Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат!» бо ҷалби зиёди ҷавонон ва тақсим намудани беш 300 адад маводҳои иттилоотӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо