wrapper

Хабарҳо

Машқҳои пагоҳирӯзӣ ва солимгардонӣ таҳти унвони ""Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст!"

Санаи 9 июни соли 2018 бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гаронии варзиш, рушди бемайлони варзиш, ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва пешгирии онҳо аз омилҳои номатлуб бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон варзиши вилояти Суғд машқи пагоҳирӯзӣ ва солимгардонӣ таҳти унвони ""Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст!" дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, майдончаҳи варзишии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо ҷалби беш аз 8250 нафар кормандон ва волонтёрони Раёсат, кормандони мактабҳои варзишим вилоят, гирандагони стипендияи Президентӣ, варзишгарон ва сокинони шахри Хуҷанд (3100 нафар духтарон) ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Аёдати рамазонӣ

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар суханрониашон ба аҳли ҷомеаи кишвар санаи 12 май иброз доштанд, аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа 10 нафар ҷавонон аз ҷамоатҳои Ёва, Хистеварз, Ғафуров ва Исфисор аёдат карда шуданд. Аёдатшудагон ва пайвандони онҳо аз сиёсати хирадмандона, ки барои дастгирии табақаҳои ниёзманд диққати аввалиндараҷа дода мешавад миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳамавақт ғамхориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаро гирифта мешаванд.

Муфассал ...

Мусобиқаи волейбол байни бонувон

Бахшида ба Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми ва рӯзи Ваҳдати миллӣ мусобиқаи кушоди Муассисаи давлатии мактаби варзишии №1 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо дастгирии Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия санаҳои 6-7 июн мусобиқаи волейбол байни бонувон баргузор гардид, ки дар он 90 нафар бонувон аз 7 дастаи шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд, Конибодом, Ҷ.Расулов, Спитамен, Ашт ширкат варзиданд. 

Муфассал ...

Варзиш роҳи расидан ба сулҳу дӯстӣ!

Тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд санаҳои 25 май то 6 июни соли 2018 мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба футбол байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миëнаи умумӣ соли таваллудашон 2001-2002, 2003-2004, 2005-2006 барои дарëфти мукофоти "Туби чармин-2018" дар майдони футболи мактаби варзишии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба намудҳои варзиши сабук, тенниси рӯи миз ва футболи хурд байни варзишгарони имконияташон маҳдуд бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Бо мақсади таҳкими тарзи ҳаëти солим, оммавигароии варзиш, ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва рушди бемайлони варзиш, санаҳои 1-3 июни соли 2018 дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба намудҳои варзиши сабук, тенниси рӯи миз ва футболи хурд байни варзишгарони имконияташон маҳдуд бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо