wrapper

Хабарҳо

Аёдат ба муносибати иди фитр ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Санаи 14 июни соли 2018 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Суғд, Раиси вилоят мухтарам Раччаббой Аҳмадзода кормандони Раëсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ба муносибати иди фитр ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ беш аз 56 нафар бошандагони хонаи пиронсолони вилоятӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, аëдат намуданд. Бояд тазаккур дод, ки дар ҷараёни аёдат ба бошандагони хонаи пиронсолон аз чониби кормандони Раёсат лавозимоти рахти хоб такдим гардид. Инчунин бошандагонро ба муносибати иди саиди фитр ва Ваҳдати миллӣ сардори Раёсат Мирзокосим Каримов самимона тахният гуфта, қайд намуд, ки ҷавонон дар партави дастуру ҳидоятхои Пешвои миллат тасмим гирифтаанд, ки дар хакки ниезмандон гамхори зохир намоянд. Аëдати имрӯза, ҷиҳати татбиқи амалии ин ҳидояти Пешвои миллат рӯи кор оварда шуд.
Вобаста ба ин, бошандагони хонаи пиронсолон шукронаи тинҷиву амонӣ намуда, миннатдории хешро ба давлату ҳукумат иброз намуданд.

Муфассал ...

Силсила мулоқотҳо аз рӯи принсипи "Маҳал ба маҳал" ва "Деҳа ба деҳа"

Баргузории силсила мулоқотҳо дар пайгирии ташаббусҳо ва иқдомҳои наҷибонаи Пешвои маҳбуби кишвар аз руи принсипи "Маҳал ба маҳал" ва "Деҳа ба деҳа" дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд вобаста ба расонидани муҳтавои мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12 майи соли 2018 бо фарогирии зиёда аз 900 нафар ҷавонону наврасон ва аҳли ҷамоатчигӣ баргузор гардид. 
Муфассал ...

Муддаиёни асосии Ҷоми ҷаҳон-2018

Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол, ки имсол дар кишвари Русия доир мегардад, маротибаи ХХI-умини баргузориаш ба ҳисоб меравад. Ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ ҳар чор сол як маротиба гузаронида шуда, барои роҳхат пайдо намудан ба он 209 давлат мубориза мебаранд.

18 марти соли 2009 аз ҷониби Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) барои ба даст овардани мизбонии Ҷоми ҷаҳон-2018, 11 кишвар – Русия, Австралия, Англия, Индонезия, Мексика, ИМА, Ҷопон, Португалия ва Испания ( аризаи муштарак), Белгия ва Нидерландия (аризаи муштарак) номзад шуда буданд. 2 декабри соли 2010 дар конгресси ФИФА Русия аз миёни панҷ давлат бо гирифтани нисфи овозҳо мизбонӣ Ҷоми ҷаҳон-2018 интихоб шуд, ки ин бори нахуст дар таърихи кишвари мазкур буда, инчунин маротибаи аввал дар Аврупои Шарқӣ аст.

Муфассал ...

Ҳифзи Ватан – рисолати мо ҷавонон!

Бо мақсади ҳавасманд намудани сарбозон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо ва ҷиҳати шиносои пайдо намудан аз шароити зисту зиндагонии хизматчиёни ҳарбӣ бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ аёдати сарбозони қисми ҳарбии 14356 баргузор гардид. Ба ин муносибат ҳайати шахсии афсарон ва сарбозон дар майдончаи сафорои саф оростанд. Чорабиниро муовини командири қисми ҳарбии 14356 подполковник Одиназода З. Ҳусни ифтитоҳ бахшида, вобаста ба ҳамкории судманд бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ёдовар шуд. Сипас, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Ф.Ҳоҷиев кулли ҳайати шахсии қисми ҳарбии 14356 –ро бо фарорасии ҷашни 21 солагии Ваҳдати миллӣ табрику таҳният намуда, дар бораи саҳми Қувваҳои Мусаллаҳ дар пойдории Ваҳдати миллӣ, ғамхориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати хизматчиёни ҳарбӣ суханронӣ намуда, сарбозонро ба содиқ будан ба савганди ҳарбӣ даъват намуд. 

Муфассал ...

Мусобиқаи вилояти Суғд оид ба бокс байни наврасон

Бо мақсади тарғибу ташвиқи бокс байни наврасон, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон, оммавияти намуди варзиши бокс, омода намудани варзишгарони касбӣ ва муайян намудани дастаи мунтахаби вилоятӣ, санаҳои 6-9 июни соли 2018 дар толори варзишии ноҳияи Б.Ғафуров мусобиқаи вилояти Суғд оид ба бокс байни наврасони солҳои таваллудашон 2002-2003 бахшида ба "Соли рушди сайëҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо

© 2018 Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд.
border=0