wrapper

Хабарҳо

Семинар - машварат оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ: ВНМО - БПНМ ва нашъмандӣ

Санаи 2 июли соли равон тибқи нақшаи чорабиниҳои Раëсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ семинар - машварат оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ: ВНМО - БПНМ ва нашъмандӣ бо ҷалби кормандони мақомот ва ҷавонону наврасони ноҳия ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ бахшида ба "Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар шаҳри Хуҷанд

 

Санаи 21 июни соли 2018 дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии 20 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ оғоз ёфт.

Дар маросими ифтитоҳии чорабинии варзишӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки мусобиқаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ нахусттин бор дар кишвари мо доир гардида, ба таҳкими солимии ҷомеа, рушди ин навъи варзиш ва ба дўстиву рафоқати байни кишварҳо мусоидат менамояд.

Муфассал ...

Машқҳои пагоҳирӯзӣ-солимгардонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гаронии варзиш, рушди бемайлони варзиш, ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва пешгирии онҳо аз омилҳои номатлуб санаи 16 июни соли 2018 машқи пагоҳирӯзӣ ва солимгардонӣ таҳти унвони ""Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст!" дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, майдончаҳи варзишии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо ҷалби беш аз 5500 нафар кормандон ва волонтёрони Раёсат, кормандони мактабҳои варзишим вилоят, гирандагони стипендияи Президентӣ, варзишгарон ва сокинони шахри Хуҷанд (1970 нафар духтарон) ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Аёдат ба муносибати иди фитр ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Санаи 14 июни соли 2018 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Суғд, Раиси вилоят мухтарам Раччаббой Аҳмадзода кормандони Раëсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ба муносибати иди фитр ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ беш аз 56 нафар бошандагони хонаи пиронсолони вилоятӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, аëдат намуданд. Бояд тазаккур дод, ки дар ҷараёни аёдат ба бошандагони хонаи пиронсолон аз чониби кормандони Раёсат лавозимоти рахти хоб такдим гардид. Инчунин бошандагонро ба муносибати иди саиди фитр ва Ваҳдати миллӣ сардори Раёсат Мирзокосим Каримов самимона тахният гуфта, қайд намуд, ки ҷавонон дар партави дастуру ҳидоятхои Пешвои миллат тасмим гирифтаанд, ки дар хакки ниезмандон гамхори зохир намоянд. Аëдати имрӯза, ҷиҳати татбиқи амалии ин ҳидояти Пешвои миллат рӯи кор оварда шуд.
Вобаста ба ин, бошандагони хонаи пиронсолон шукронаи тинҷиву амонӣ намуда, миннатдории хешро ба давлату ҳукумат иброз намуданд.

Муфассал ...

Силсила мулоқотҳо аз рӯи принсипи "Маҳал ба маҳал" ва "Деҳа ба деҳа"

Баргузории силсила мулоқотҳо дар пайгирии ташаббусҳо ва иқдомҳои наҷибонаи Пешвои маҳбуби кишвар аз руи принсипи "Маҳал ба маҳал" ва "Деҳа ба деҳа" дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд вобаста ба расонидани муҳтавои мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12 майи соли 2018 бо фарогирии зиёда аз 900 нафар ҷавонону наврасон ва аҳли ҷамоатчигӣ баргузор гардид. 
Муфассал ...

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо

© 2018 Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд.
border=0