wrapper

Хабарҳо

Мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба шашка ва шоҳмот байни шахсони қувваи босираашон суст ва нобино

Дирӯз бо дастгирии мақомоти иҷроияи давлатии шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дастгирии шахсони маъюб, қувваи босираашон суст ва нобино, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, рушди намуди варзиши шашка ва шоҳмот дар китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхўҷа Асирӣ мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба шашка ва шоҳмот байни шахсони қувваи босираашон суст ва нобино баргузор гардид.
Ин мусобиқа, ки бахшида ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он 40 нафар шахсони қувваи босираашон суст ва нобино иштирок намуданд.
Дар намуди шашкаи русӣ байни занон сазовори ҷои якум Дилфуза Абдуғаниева, ҷои дуюм Марҳабо Мўминова, ҷои сеюм Моҳинисо Ҳасанова сазовор гардиданд. Дар ин намуд байни мардон ҷои якумро Абдуғафур Алиев, ҷои дуюмро Акрам Салимов ва ҷои сеюмро Абдуллоҷон Мирбобоев ба даст оварданд.
Дар намуди шоҳмот байни мардон мақоми аввалро Абдуҳамид Сатторов, зинаи дуюмро Иззат Ҷаҳонгиров ва ҷои сеюмро Абдуқаюм Юнусов соҳиб гардиданд.
Аз рўи намуди шашка байни наврасон сазовори ҷои якум насиби Зумрад Қобилова, ҷои дуюм Шаҳзода Абдукаримова ва ҷои сеюм Саида Шерматова шуд. Аз рӯйи намуди номбурда байни писарон мақоми аввалро Абдуллоҷон Атамуллоев, ҷои дуюмро Парвиз Қаҳоров ва ҷои сеюмро Далер Ғаффоров ишғол намуданд.
Ғолибон бо ифтихорномаҳо ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Мусобиқаи шоҳмоту шашака байни аъмоён
Дирӯз бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дастгирии шахсони маъюб, қувваи босираашон суст ва нобино, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, рушди намуди варзиши шашка ва шоҳмот дар китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхўҷа Асирӣ мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба шашка ва шоҳмот байни шахсони қувваи босираашон суст ва нобино баргузор гардид.
Ин мусобиқа, ки бахшида ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он 40 нафар шахсони қувваи босираашон суст ва нобино иштирок намуданд.
Дар намуди шашкаи русӣ байни занон сазовори ҷои якум Дилфуза Абдуғаниева, ҷои дуюм Марҳабо Мўминова, ҷои сеюм Моҳинисо Ҳасанова сазовор гардиданд. Дар ин намуд байни мардон ҷои якумро Абдуғафур Алиев, ҷои дуюмро Акрам Салимов ва ҷои сеюмро Абдуллоҷон Мирбобоев ба даст оварданд.
Дар намуди шоҳмот байни мардон мақоми аввалро Абдуҳамид Сатторов, зинаи дуюмро Иззат Ҷаҳонгиров ва ҷои сеюмро Абдуқаюм Юнусов соҳиб гардиданд.
Аз рўи намуди шашка байни наврасон сазовори ҷои якум насиби Зумрад Қобилова, ҷои дуюм Шаҳзода Абдукаримова ва ҷои сеюм Саида Шерматова шуд. Аз рӯйи намуди номбурда байни писарон мақоми аввалро Абдуллоҷон Атамуллоев, ҷои дуюмро Парвиз Қаҳоров ва ҷои сеюмро Далер Ғаффоров ишғол намуданд.
Ғолибон бо ифтихорномаҳо ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Муфассал ...

Ҷаласаи натиҷагирии фаъолияти сохторҳои маҳалии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар нимсолаи аввали соли 2018

Имрӯз дар Кохи маърифатӣ шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҷаласаи натиҷагирии фаъолияти сохторҳои маҳалии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар нимсолаи аввали соли 2018 баргузор гардид, ки дар кори ҷаласа Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам ва муовини якуми Раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо иштирок намуда, татбиқи сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва варзишро дар нимсолаи аввали соли 2018 мавриди баррасӣ ва натиҷабардорӣ қарор доданд.

Муфассал ...

Мо ҷонибдори сулҳу ваҳдат!

Санаи 13 июли соли равон дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раëсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд аксияи тарғиботӣ таҳти унвони "Мо ҷонибдори сулҳу ваҳдат!" бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон, ҳамроҳ нашудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ дар кӯчаву хиëбонҳо ва бозорҳои ноҳияи Мастчоҳ ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Мо ба тақдири ояндаи худ бетараф нестем!

Санаи 13 июли соли 2018 дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раëсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар толори китобхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ мулоқот дар мавзӯи "Мо ба тақдири ояндаи худ бетараф нестем!" бо ҷалби беши наврасону ҷавонон, волонтëрон ва гирандагони стипендияи Президентӣ ва раиси ноҳия ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Марҳилаи дуюми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ва гӯштини миллӣдар вилояти Суғд

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд санаи 6 июли соли равон дар толори варзишии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маросими пӯшидашавии марҳилаи дуюми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ва гӯштини миллӣ бахшида ба 21-солагии Ваҳдати миллӣ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил ва баргузор гардид. Дар оғози даври финалии гӯштини миллӣ намоиши бозиҳои варзишӣ аз қабили ушу, каратэ-до, таэквандо ВТФ, велосипедронӣ, волейбол, бадминтон, футбол, гимнастика, бокс, чавгонбозӣ ва гӯштини миллӣ пешниҳоди мухлисон гардид.

Муфассал ...

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо