wrapper

Паём - ҳидоятгари ҷавонон ба фардои дурахшон!

Имрӯз бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд  дар толори хурди Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент мулоқот бо мақсади расонидани нуқтаҳои муҳим ва муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар чорабинии мазкур Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Зоҳидзода Олимҷон, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Панҷакент Кенчаев Некруз, мудири Бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Шодиев ва зиёда аз 200 нафар ҷавонони фаъол аз қишрҳои гуногуни ҷомеа, гирандагони стипендияи Президентӣ ва волонтёрони шаҳри Панҷакент иштирок намуданд.

Ҳамзамон дар мулоқот вобаста ба пешгирии шомилшавии чавонон ба хар гуна хизбу харакатхои иртичои, террористи ва экстремисти ва паст намудани сатҳи ҷинояткори ибрози андешаронӣ карда шуд.

Дар зимни суханронии худ Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Зоҳидзода Олимҷон ба ҷавонон иқтибос аз паёми Пешвои миллатро оварданд: "Ғамхории ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо соли ҷавонон маҳдуд намешавад, барьакс ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд".

Инчунин Сардори Раёсат ҷавононро ба муттаҳидшавӣ ва бурдани муборизаи шадид бар зидди шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ даъват намуданд.

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо