wrapper

Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз!

Имрӯз Хуршедшаҳри бостонӣ оғуштаи гармии меҳру муҳаббат дар сардии зимистон буд. Ҳамаҷо зебо, тоза, мардумон хушҳол, бо рӯҳияи идона ҷашни бошукӯҳи аҷдодиро таҷлил намуданд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, волонтёрони назди Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд аксияи вилоятӣ таҳти унвони "Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз..." дар маркази Хуҷанди бостонӣ доир намуданд.

Истиқлолияти давлатӣ, хоса иқдомоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳёи падидаҳои фарҳанги куҳан ва оину суннатҳои аҷдодӣ барои мардуми тоҷик имконоти мусоид фароҳам овард, то дар амри руҷӯъ ба таърихи гузашта ва зинда гардонидану бузургдошти мероси моддиву маънавии хеш талош ва пайкорҳое ба зуҳур расонанд. Маҳсули ҳамин ҳидоят ва раҳнамоиҳои Пешвои миллат аст, ки дар баробари ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон шурӯъ аз соли 2017 ҷашни Сада низ ба тақвими ҷашну санаҳои миллии мо шомил гардида, барои таҷлили бошукӯҳи он тадбирҳои амалӣ андешида мешавад. Дар назари аввал шинохти моҳият ва асолати ин ҷашни деринаи аҷдодӣ ва маърифати саҳеҳу равшани он, ки таърихи чандинҳазорсоларо соҳиб аст, рисолати муҳими ҳар яке аз мо меросбарони ин суннати куҳани фарҳанги миллӣ ба шумор меравад

Другие материалы в этой категории: Паём - ҳидоятгари ҷавонон ба фардои дурахшон! »

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо