wrapper

Ҷавонон

Пешвои миллат наҷотбахши сайёра

Санаи 10 апрели соли 2018 бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар толори факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Конференсияи вилоятӣ таҳти унвони “Пешвои миллат наҷотбахши сайёра” бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо мақсади тарғиб намудани сиёсат ва ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, оқилона ҳифз намудани захираҳои обӣ дар шароити гармшавии иқлим, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳифзи захираҳои оби ошомиданӣ ва баҳри самараноку сарфаҷӯёна истифода бурдани ҳар қатра об бо ҷалби беш аз 250 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Аксияи вилоятӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”

Имрӯз бо ташаббуси клуби волонтёрони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Об дар ҳаёти инсон” бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”  бо мақсади тарғиб намудани ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳифзи захираҳои оби ошомиданӣ ва баҳри самараноку сарфаҷӯёна истифода бурдани ҳар қатра об ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Ҳамоиши гирандагони стипендияи Президентӣ дар вилояти Суғд

Санаи 7 апрели соли 2018 дар Кохи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши гирандагони стипендияи Президентӣ дар вилояти Суғд баргузор гардид.

Муфассал ...

Суғд: Гурӯҳи беш аз 1000 нафараи даъватшавандагон барои адои хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд

Рӯзи 7 апрели соли 2018 гурӯҳи беш аз 1000 нафараи даъватшавандагон аз вилояти Суғд барои адои хизмати ҳарбӣ ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуданд.

Муфассал ...

Гусели ҷавонон аз шаҳри Истиқлол ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ  

 

Санаи 2-юми апрели соли равон дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол маросими гусели ҷавонони шаҳр ба сафи Артиши миллии кишвар ташкил ва гузаронида шуд.

Дар ин чорабинӣ раиси шаҳри Истиқлол Худойназар Амонзода ширкат варзида, суханронӣ намуданд. Дар баромадашон раиси шаҳр қайд намуданд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ вазифаи ҳар як ҷавони бонангу ор аст ва имрӯз ҷавонони мо сарбаландона адои хизмат намуда истодаанд. Ҳамчунин раиси шаҳр миннатдории хешро ба волидайне, ки фарзандашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ адои хизмати Модар –Ватан намуда истодаанд ва ба падару модароне, ки фарзандашонро ба ин мактаби ҷасорат фиристонида истодаанд баён намуд.

Муфассал ...

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо