wrapper

Ҷавонон

Семинар - машварат оиди мубориза бар зидди бемории хафнок ВНМО/БПНМ таҳти унвони "Оилаи солим - интихоби беҳтарин" дар шаҳри Бӯстон

Санаи 19 апрели соли 2018 бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд семинар - машварат оиди мубориза бар зидди бемории хафнок ВНМО/БПНМ таҳти унвони "Оилаи солим - интихоби беҳтарин" дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши наврасону ҷавонон бобати хавфи вируси бемории ВНМО/БПНМ, тарғибу ташваиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва коҳиш додани ин бемории сироятӣ байни ҷавонон бо ҷалби беш аз 120 нафар наврасону ҷавонони шаҳри Бӯстон ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Аксияи тарғиботӣ оиди мубориза бар зидди бемории хафнок ВНМО/БПНМ таҳти унвони "Оилаи солим интихоби беҳтарин"

 Санаи 19 апрели соли 2018 бо ибтикори клуби волонтёрони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд аксияи тарғиботӣ оиди мубориза бар зидди бемории хафнок ВНМО/БПНМ таҳти унвони "Оилаи солим интихоби беҳтарин" дар кӯчаву хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангӣ - фароғатии шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Спитамен бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши наврасону ҷавонон бобати хавфи вируси бемории ВНМО/БПНМ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва коҳиш додани ин бемории сироятӣ байни ҷавонон ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Барномаи ток шоу "Назаре ба оина" дар мавзӯи "Пешгирӣ намудани ҷавонон аз истифодаи сигор"

Имрӯз бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд барномаи ток шоу "Назаре ба оина" дар мавзӯи "Пешгирӣ намудани ҷавонон аз истифодаи сигор" бо ҷалби коршиносони соҳаи тандурустии вилоят, намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, ҷавонони фаъол, гирандагони стипендияҳои Раиси вилоят ва Президентӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят, варзишгарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Оилаи солим интихоби беҳтарин

Санаи 14 апрели соли 2018 бо ташаббуси клуби волонтёрони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд аксияи тарғиботӣ оиди мубориза бар зидди бемории хафнок ВНМО/БПНМ таҳти унвони "Оилаи солим интихоби беҳтарин" бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши наврасону ҷавонон бобати хавфи вируси бемории ВНМО/БПНМ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва коҳиш додани ин бемории сироятӣ байни ҷавонон ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби обутоби ҳаёт аст!

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати хуқуқӣ, дар замири ҷавонон бедор намудани ҳисси баланди ватандӯстӣ, тарбият намудани насли ҷавон дар рӯҳияи далерию шуҷоатмандӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва даъват намудани ҷавонон ба хизмати Ватан – Модар, имрӯз бо ташаббуси клуби волонтёрони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд аксияи тарғиботӣ таҳти унвони «Хизмат ба ватан шараф аст!» дар кӯчаву хиёбонҳо, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва бозорҳои шаҳри Хуҷанд ташкил ва баргузор гардид.

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо

© 2018 Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд.
border=0