wrapper

Ҷавонон

Аксияи тарғиботӣ таҳти унвони «Мо муҳофизони имрӯзу фардои Тоҷикистон»

Санаҳои 23-26 апрели соли 2018 бо ташаббуси клуби волонтёрони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд аксияи тарғиботӣ таҳти унвони «Мо муҳофизони имрӯзу фардои Тоҷикистон» дар кӯчаву хиёбонҳо, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва бозорҳои шаҳру ноҳияи Хучанд, Б.Ғафуров, Конибодом ва Исфара бо мақсади баланд бардоштани маърифати хуқуқӣ, дар замири ҷавонон бедор намудани ҳисси баланди ватандӯстӣ, тарбият намудани насли ҷавон дар рӯҳияи далерию шуҷоатмандӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва даъват намудани ҷавонон ба хизмати Ватан – Модар ташкил ва баргузор гардида, беш аз 1500 адад маводҳои тарғиботӣ тақсим гардида, беш аз 1700 нафар ҷавонону наврасон ҷалб гардиданд.

Муфассал ...

Семинар - машварат ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз омилҳои номатлуб таҳти унвони "Ҷавонон - ифротгариро маҳкум месозанд!"

 

Санаи 24 апрели соли 2018 бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд семинар - машварат ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз омилҳои номатлуб таҳти унвони "Ҷавонон - ифротгариро маҳкум месозанд" дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо ҷалби беш аз 250 нафар наврасону ҷавонони касбу кори гуногун ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Барномаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳудуди вилояти Суғд бори нахуст ба ифтихори таҷлили сазовори “Рӯзи пойтахт” барномаи фарҳангӣ – фароғатӣ таҳти унвони “Пойтахт – тарранумгари мазаффариятҳои мо ҷавонон ва варзишгарон” бо иштироки Раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, бо ҷалби беш аз 19 590 нафар  ҷавонону наврасон, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбии вилоят ва сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд (9441 нафар духтарон) ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Ҳамоиши ҷумҳуриявии ятимони кулл таҳти унвони “Пешвои миллат – ғамхори ятимон” бахшида ба таҷлили Рӯзи Пойтахт дар вилояти Суғд

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода имрӯз дар бинои Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявии ятимони кулл таҳти унвони “Пешвои миллат – ғамхори ятимон” бахшида ба Рӯзи пойтахт бо иштироки 160 нафар ятимони кулл ва бепарасторон аз тамоми қаламрави вилоят баргузор гардид.

Муфассал ...

Тренинги омӯзишӣ оиди мубориза бар зидди бемории хафнок ВНМО/БПНМ таҳти унвони "Оилаи солим - интихоби беҳтарин" дар ноҳияи Спитамен

Санаи 19 апрели соли 2018 бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд тренинги омӯзишӣ оиди мубориза бар зидди бемории хафнок ВНМО/БПНМ таҳти унвони "Оилаи солим - интихоби беҳтарин" дар толори мактаби № 1-и ноҳияи Спитамен бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши наврасону ҷавонон бобати хавфи вируси бемории ВНМО/БПНМ, тарғибу ташваиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва коҳиш додани ин бемории сироятӣ байни ҷавонон бо ҷалби беш аз 180 нафар наврасону ҷавонони ноҳия ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо