wrapper

Ҷавонон

Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

1 июни соли равон дар Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ» -и маркази вилоят бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон мутантан таҷлил гардид.

Чорабинии мӯҳташами идона бо ширкати беш аз чаҳор ҳазор нафар кӯдакон, бо шумули тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоӣ, ятимони кул, ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ, байналмилалӣ, фосилавӣ, ғолибони сессияи Академияи хурди илмҳо, ғолибон ва иштирокчиёни озмунҳо, кӯдакони фаъол аз шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гашт.

Муфассал ...

Аёдати кӯдакони бепарастор таҳти унвони “Ту танҳо нестӣ!” бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси инсонпарваронаи ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ахлоқи ҳамида, санаи 31 майи соли 2018 тибқи нақша-чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд аёдати кӯдакони Муассисаи давлатии махсусгардонидашудаи табобатӣ “Хонаи кӯдакон”-и шаҳри Хуҷанд таҳти унвони “Ту танҳо нестӣ!” бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ташкил ва баргузор гардид.

Иқдоми мазкур дар партави сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак чун суннати неки ниёгон анҷом дода шуд.

Муфассал ...

Аксияи тарбиявӣ таҳти унвони "Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат" дар шаҳри Хуҷанд

Санаи 31 майи соли 2018 бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар кӯчаву хиёбонҳо, боғҳову гулгаштҳои шаҳри Хуҷанд аксияи тарбиявӣ таҳти унвони «Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат!» бо ҷалби зиёди ҷавонон ва тақсим намудани беш 300 адад маводҳои иттилоотӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Фаъолияти волонтёрӣ рушд меëбад

Санаи 30 майи соли равон, бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар якҷоягӣ бо клуби волонтëрони Раëсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти волонтерӣ дар маҳал ва бо ҳамин васила ҷалби онҳо ба фаъолияти волонтерӣ ва корҳои созандагӣ мулоқоти бо ҷавонони фаъоли ҷамоати деҳоти Ёва баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Ф.Ҳоҷиев, муовини раиси ҷамоати деҳоти Ёва Р.Холматова, муовини роҳбари клуби волонтëрони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд М.Файзиев иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳозирин бобати фаъолияти волонтёрӣ, қонунҳои танзимкунандаи соҳа, ҷанбаҳои мусбии фаъолият ва корҳои ба сомон расонидаи волонтеронро маълумот дода, ҳозиринро барои саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ даъват намуданд. Мулоқот озоду самими баргузор гардида, ҳозирин ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. 

Муфассал ...

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - муҳимтарин мактаби обутоби ҳаëт

Санаи 30 майи соли 2018 бо ташаббуси Раëсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд аëдати сарбозону афсарони қисми низомии 3501-и шаҳри Истиқлол бо мақсади ҳавасмандгардонии сарбозони ихтиëрӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастии онҳо ташкил ба баргузор гардид.

Муфассал ...

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо

© 2018 Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд.
border=0