wrapper

Ҷавонон

Нақши Пешвои миллат дар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Имрӯз бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуф Баширхонович Исхоқӣ Конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Соли рушди сайеҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар толори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳц ва ҳунарҳои мардумии мамлакат ва тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ бо ҷалби беш 150 нафар донишҷӯёни коллеҷи мазкур ташкил ва баргузор гардид.

Мулоқоти Раиси вилоят бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Имрӯз бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

Нахуст Раиси вилоят дар даромадгоҳи Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ аз намоиши дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ боздид намуд.

Муфассал ...

Мо муҳофизони имрӯзу фардои Тоҷикистон

Имрӯз бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд мизи мудаввар таҳти унвони “Мо муҳофизони имрӯзу фардои Тоҷикистон” дар толори Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо мақсади зиёд намудани сафи ихтиёриён аз ҳисоби ҷавонони синни тодаъватӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастии онҳо эҳтиром ба арзишҳои миллӣ бо ҷалби беш 80 нафар ҷавонону наврасони касбу кори гуногун ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Ҷавонон - ифротгариро маҳкум месозанд

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши наврасону ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон, даст кашидан аз амалҳои номатлуб, ҳамроҳ нашудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, тартиби одоби ҳамидаи инсонӣ, имрӯз бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд семинар - машварат ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз омилҳои номатлуб таҳти унвони "Ҷавонон - ифротгариро маҳкум месозанд" дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо ҷалби беш аз 250 нафар наврасону ҷавонони касбу кори гуногун ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Аксияи тарғиботӣ оиди мубориза бар зидди бемории хавфнок ВНМО/БПНМ таҳти унвони "Оилаи солим интихоби беҳтарин"

 

Санаҳои 19-24 апрели соли 2018 бо ибтикори клуби волонтёрони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд аксияи тарғиботӣ оиди мубориза бар зидди бемории хавфнок ВНМО/БПНМ таҳти унвони "Оилаи солим интихоби беҳтарин" дар кӯчаву хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангӣ - фароғатии шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Ашт бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши наврасону ҷавонон бобати хавфи вируси бемории ВНМО/БПНМ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва коҳиш додани ин бемории сироятӣ байни ҷавонон бо тақсими беш аз 1000 адад маводҳои тарғиботӣ ташкил ва баргузор гардид.

Муфассал ...

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо

© 2018 Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд.
border=0