wrapper

Марҳилаи дуюми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ва гӯштини миллӣдар вилояти Суғд

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд санаи 6 июли соли равон дар толори варзишии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маросими пӯшидашавии марҳилаи дуюми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ва гӯштини миллӣ бахшида ба 21-солагии Ваҳдати миллӣ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил ва баргузор гардид. Дар оғози даври финалии гӯштини миллӣ намоиши бозиҳои варзишӣ аз қабили ушу, каратэ-до, таэквандо ВТФ, велосипедронӣ, волейбол, бадминтон, футбол, гимнастика, бокс, чавгонбозӣ ва гӯштини миллӣ пешниҳоди мухлисон гардид.

Муфассал ...

Мусобиқаи волейбол байни бонувон

Бахшида ба Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми ва рӯзи Ваҳдати миллӣ мусобиқаи кушоди Муассисаи давлатии мактаби варзишии №1 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо дастгирии Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия санаҳои 6-7 июн мусобиқаи волейбол байни бонувон баргузор гардид, ки дар он 90 нафар бонувон аз 7 дастаи шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд, Конибодом, Ҷ.Расулов, Спитамен, Ашт ширкат варзиданд. 

Муфассал ...

Мусобиқаи вилоятӣ оид ба волейбол байни духтарон

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят санаҳои 9-11 марти соли 2018 мусобиқаи вилоятӣ оид ба волейбол байни духтарони соли таваллудашон 2000 ва хурд бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва Рӯзи бонувон дар толори варзишии Коллеҷи тиббии ғайридавлатии ноҳияи Б.Ғафуров бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонии варзиш, ҷалби ҷавонону наврасон ба ин намуди варзиш ва дур будан аз амалҳои номатлуб ташкил ва баргузор гардид.

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо

© 2018 Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд.
border=0