wrapper

 

Санаҳои 16-23 апрели соли 2018 дар шаҳри Шучингскийи Ҷумҳурии Қазоқистон Чемпионати Осиё оид ба намуди дастхобонӣ байни наврасону ҷавонон, калонсолон, ситораҳо ва ҷавонони имконияташон маҳдуд бо ҷалби беш 660 нафар варзишгарон аз 12 давлатҳои Осиё баргузор гардид.
Бояд зикр намуд, ки дар чорабинии номбурда 23 нафар варзишгарони тоҷик фаъолона иштирок намуда, бо гирифтани 8 медали тилло, 4 медали нуқра ва 12 медали биринҷӣ парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардоштанд. 
Ҳамзамон, боиси қайд аст, ки дар чемпионати мазкур бо ҷамъи медалҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон байни 12 давлати Осиё ҷои сеюмро ишғол намуд.

Имрӯз бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

Нахуст Раиси вилоят дар даромадгоҳи Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ аз намоиши дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ боздид намуд.

Имрӯз бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуф Баширхонович Исхоқӣ Конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Соли рушди сайеҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар толори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳц ва ҳунарҳои мардумии мамлакат ва тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ бо ҷалби беш 150 нафар донишҷӯёни коллеҷи мазкур ташкил ва баргузор гардид.

Санаҳои 14-28 апрели соли равон дар шаҳри Абу Дабии Аморати муттаҳидаи Араб Чемипионати ҷаҳон оид ба ҷиуҷитсу бо ширкати беш аз 7000 намояндаи 106 давлати дунё сурат гирифт, ки аз вилояти Суғд 13 нафар иштирок намуда, 4 нафар хонандагони макотиби шаҳри Хуҷанд ғолибият ба даст оварданд.

Санаи 28 апрели соли 2018 бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гаронии варзиш, рушди бемайлони варзиш, ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва пешгирии онҳо аз омилҳои номатлуб бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон варзиши вилояти Суғд машқи пагоҳирӯзӣ ва солимгардонӣ таҳти унвони ""Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст!" дар назди мачмааи таърихи-фархангии "Истиклол" ва Боғи фарҳангӣ - фарогатӣ ба номи Камоли Хуҷандӣ бо ҷалби беш аз 6230 нафар кормандон ва волонтёрони Раёсат, кормандони мактабҳои варзишим вилоят, гирандагони стипендияи Президентӣ, варзишгарон ва сокинони шахри Хуҷанд (1997 нафар духтарон) ва хамзамон, баъди машқи пагоҳирӯзӣ мусобикахои варзишии шохмот, шашка ва тенниси руи миз тахти унвони "Варзиши дастрас" дар Боғи фарҳангӣ - фарогатӣ ба номи Камоли Хуҷандӣ бо ҷалби беш аз 3829 наврасону чавонон, донишчуён ва хонандагони муассисахои тахсилоти оли ва миёнаи касби ва сокинони шахри Хуҷанд (1219 нафар духтарон) ташкил ва баргузор гардид.

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо

© 2018 Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд.
border=0