wrapper

Модарон ва хоҳарони азиз!

Фарорасии фасли зебои сол - баҳори оламафрӯз ва ҷашни модаронро ба ҳамаи занону модарони мушфиқ ва бонувони меҳрубони Тоҷикистон табрик гуфта, барояшон саломатӣ ва саодати ҳамешагӣ орзу менамоям.

Бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ва шуъбаи маориф, санаи 5 марти соли 2018  дар толори варзишии ба номи генерал – майор Рустам Амакиеви шаҳр, мусобиқа аз намуди волейбол байни ҷавондухтарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ва Ҷамоати шаҳраки Палос, бахшида ба 8-март, Рӯзи Модар ташкил ва баргузор гардид.

Бо мақсади таҷлили сазовори соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” имрӯз 3 март дар толори варзишии ба номи генерал-майор Рустам Амакиеви мактаби варзишии шаҳри Бӯстон оғози мусобиқаи вилоятии гӯштини дзюдо сурат гирифт. Дар кори оғози мусобиқа мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Хусравшоҳ Исмоилов ширкат ва суханронӣ намуда, аз дастгирии давлатии варзиш аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд.

Якуми март рӯзи фараҳафзо буд: ифтитоҳи гузаргоҳҳои байни сарҳадҳои давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки дер боз халқи ин ду кишвари ба ҳам дӯст интизораш буданд.
Рӯз-рӯзи саодатмандӣ ва дилписандиву дилбарӣ, фараҳу шодӣ дар саҳифаҳои таърихи ду халқи бародару ҳамтақдир, ҳампаҳлӯву ҳамсояи қарину беҳтарин бо қалами тақдир навишта шуд. Ин файзу нусрат, ин нишотмандиву болидарӯҳӣ ба шарофати сиёсати одилона, оқилона ва инсондӯстонаву башардӯстонаи Сарварони ду кишвар – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар қалбу вуҷуди ҳама, ҳар хонадон, ҳар узви оилаи чӣ тоҷикону чӣ ӯзбекон амсоли хуршеди Ховар зиё бахшид, гармӣ бахшид, рӯзгорони аз қадим дӯсту бародар, авлоду меросбарони содиқро маънии замонавӣ, тоза ва амиқ бахшид, ки неъмати дӯстиву ҳамгироӣ афзун мегардад, зеро расми хубу қиёснопазири тоҷикону ӯзбекон дӯстонро гарм бар оғӯш гирифтан аст.

Имрӯз санаи 2 марти соли 2018 бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи модар ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Фестивал – озмуни вилоятӣ таҳти унвони «Суруди Модар - Алла» байни ҷавондухтарони вилояти Суғд дар Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи О.Назаров бо мақсади баланд бардоштани худшиносию худогоҳии ҷавонон ва ҳамчунин дар замири онҳо бедор кардани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ ва ифтихори миллӣ, мустаҳкам намудани эҳтирому садоқат ба Модар, Ватан ва рамзҳои давлатӣ дар руҳияи наврасону ҷавонон, эҳтиром гузоштани насли наврасу ҷавон ташкил ва баргузор гардид.

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо

© 2018 Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд.
border=0