wrapper

Имрӯз бо ибтикори Раëсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ва сохторҳои он бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаëти солим, оммавӣ гардонидани варзиш, ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва пешгири намудани онҳо аз омилҳои номатлуб машқҳои пагоҳирӯзӣ - солимгардонӣ дар 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо ҷалби беш аз 2365 нафар наврасону ҷавонон, варзишгарон ва сокинони касбу кори гуногун (794 нафар духтарон) ташкил ва баргузор гардид.

Бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи бонувон бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд мусобиқаи вилоятӣ оид ба футбол байни ҷавондухтарон барои дарёфти “Ҷоми Умед” дар майдони муассисаи давлатии “Мактаби варзишии №1”-и шаҳри Хуҷанд  бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани варзиш, мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ байни варзишгарон ва мураббиён ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш бо иштироки беш аз 96 нафар варзишгарон ташкил ва баргузор гардид.

Имрӯз дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом Сарвари ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрии “Варзоб”, воқеъ дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд.

Нимаи дуюми рӯзи 10 марти соли 2018 пас аз анҷоми сафари бобарори давлатӣ дар Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Тошкент баргашт.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд.

Шоми рӯзи 9 март Сарони давлатҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Кохи боҳашамати Наврӯз ташриф оварда, толорҳои барҳавову зебо ва бо санъати асили миллӣ ороёфтаи онро тамошо карданд.

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо

© 2018 Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд.
border=0