wrapper

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят санаҳои 9-11 марти соли 2018 мусобиқаи вилоятӣ оид ба волейбол байни духтарони соли таваллудашон 2000 ва хурд бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва Рӯзи бонувон дар толори варзишии Коллеҷи тиббии ғайридавлатии ноҳияи Б.Ғафуров бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонии варзиш, ҷалби ҷавонону наврасон ба ин намуди варзиш ва дур будан аз амалҳои номатлуб ташкил ва баргузор гардид.
Бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ байни варзишгарон ва муайян намудани дастаи мунтахаб бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ва “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 10-11 марти соли 2018 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи озод байни ҷавонони соли таваллудашон 1998-2001 дар толори варзишии шаҳри Истаравшан бо иштироки беш аз 130 нафар варзишгарон аз дастаҳои вилояти Суғд, Хатлон, ВМКБ, ШНТМ ва шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор карда шуд.

Бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ байни варзишгарон ва муайян намудани дастаи мунтахаб бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ва “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба дастхобонӣ байни духтарон ва калонсолон аз рӯи 17 намуди вазн бо иштироки 105 нафар варзишгарон (42 нафар духтарон) аз дастаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон, Кӯҳистони Бадахшон, Суғд, ШНТМ ва шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор гардид.

Бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” санаҳои 10-11 марти соли 2018 бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар толори  варзишии “Устопириён”-и шаҳри Хуҷанд Бозиҳои варзишии вилояти Суғд оид ба гӯштини миллии гӯштингирӣ бо иштироки беш аз 58 нафар  варзишгарон аз дастаҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Ҷ.Расулов, Мастчоҳ, Спитамен, Кӯҳистони Мастчоҳ ва ММОВВ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонону наврасон ба ин намуди варзиш, боз ҳам мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ байни варзишгарону мураббиён ва дур будан аз амалҳои номатлуб ташкил ва баргузор гардид. Дар натиҷаи мусобиқаи мазкур маълум гардид, ки ҷои якум насиби дастаи ММОВВ, ҷои дуюм насиби дастаи ноҳияи Ҷ.Расулов ва ҷои сеюм насиби дастаи ноҳияи Мастчоҳ гардид.  Дар фарҷоми мусобиқа аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон  ва варзиши вилояти Суғд ба ғолибону ҷоизадорон медал ва диплом тақдим карда шуд.

Имрӯз бо ташаббуси Раëсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Наврӯзи байналмилалӣ, саҳм гузоштан баҳри ободониву кабудизоркунӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани кишвар шанбегӣ дар кӯчаву хиëбонҳо, гирду атрофи корхонаҳову муассисаҳои таълимӣ ва боғҳои фарҳангиву фароғатии 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ҷалби беш аз 16576 нафар наврасону ҷавонон, варзишгарон ва сокинони касбу кори гунонун (4590 нафар духтарон) ташкил ва баргузор гардид.

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо

© 2018 Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд.
border=0