wrapper

Мулоқот бо зиёиёни мамлакат

Душанбе, 19 марти 2018 00:00

19 марти соли 2018 дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ чун анъанаи накуи баҳорӣ бо зиёиёни мамлакат мулоқоти самимию судманд анҷом доданд.

Тибқи супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2018, №20/46 (25732) бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронӣ дар Асамблеяи XVII генералии Кумитаи миллии олимпӣ ва мулоқот бо масъулини соҳаи варзиш баён доштанд, инчунин ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни “Наврӯзи байналмилалӣ”, санаи 17 марти соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд машқҳои пагоҳирӯзӣ таҳти унвони “Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст!” бо иштироки беш аз 7350 нафар (2023 нафар духтарон), дави Наврӯзӣ бо иштироки беш аз 48143 нафар (16219 нафар бонувон) ва марафони велосипедронӣ бо иштироки 3189 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят, наврасону ҷавонон ва варзишгарон ташкил ва баргузор карда шуд.

 
Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд машкҳои пагоҳирӯзӣ, дави Наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, оммавияти варзиш ва солимгардонии ҷомеа, ҳамчун муждаи неку ҳуҷастаи ҷашни Наврӯз дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2018, силсила чорабиниҳои оммавӣ – варзишӣ, солимгардонӣ, мусобиқаву чемпионатҳои варзиширо давоми моҳи март, ба ифтихори сазовор таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи хуҷастапай ба нақша гирифтааст.

Рӯзи 14 марти соли 2018 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати дастаи футболи “Хуҷанд”, роҳбарони мактабҳои варзишӣ ва иншооти  варзишӣ мулоқот намуд.

Дар оғози мулоқот Раиси вилоят аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи варзиш ёдовар шуда, доир ба тарбияи ҷавонони лаёқатманд, рушди соҳаи варзиш, махсусан футбол ва тарбияи футболбозони беҳтарин ибрози андеша намуд.

Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки
муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо
намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои
таваллуди 1991 – 2000 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо

© 2018 Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд.
border=0