wrapper

Шоми рӯзи 28 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва дар симои онҳо кулли мардуми меҳнатқарини мамлакат ва шаҳри Панҷакентро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфтанд.

Дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд.

Дар маркази хизматрасонии «Ҳумо» дастовардҳо ба маъраз гузошта шуда, ҳамчунин таомҳои миллӣ низ омода карда шуда буданд. Аз тарафи занони ҳунарманд дар дегҳои алоҳида намудҳои гуногуни анвои ширинӣ ва таом, аз қабили нишоло, ҳалво, хӯроки ҳадиса, оши куча, оши бурида, қурутоб, манту, омоч, атолаи кунҷӣ ва дигар намуди таомҳои қадима омода карда шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни фархундаи Наврӯзи оламафрӯз дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Боғчаи бачагонаи “Наврӯз”-ро, ки бо тарҳи хеле зебо дар масоҳати 6300 метри мураббаъ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.

Имрӯз дар шаҳри Панҷакент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи бузурги фарҳангию эҷодиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Нахуст Пешвои миллат дар саҳни ин Маҷмаа аз рӯи муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ парда бардошта, дар пояи он гулчамбар гузоштанд.

Дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯзи байналмилалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд хати интиқоли барқи 220 киловолтаи «Айнӣ-Рӯдакӣ» ва зеристгоҳи барқии «Рӯдакӣ»-ро баъди таҷдиду навсозӣ дар доираи лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ» мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо

© 2018 Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд.
border=0