wrapper

Нишасти матбуотии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд

Имрӯз дар маҷлисгоҳи шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд нишасти матбуотии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд бо иштироки васеи кормандони васоити ахбори омма баргузор гардид.

Мирзоқосим Каримов сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар суханронии худ иброз дошт, ки Раёсат ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷавонон ва масъалаҳои марбут ба онҳо дар меҳвари сиёсати иҷтимоиашон қарор дорад ва иҷрои супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода инчунин, баҳри иҷрои босифати талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ҳамчун мақоми татбиқкунандаи санадҳои зикршуда фаъолиятро дар нимсолаи якуми соли 2018 дар самти таҳкими асосҳои меъёрию ҳуқуқӣ, заминаи методию иттилоотӣ, татбиқи барномаҳои соҳавӣ, дастгирии иҷтимоию иқтисодии ҷавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, оммавӣ ва варзишӣ равона намуд.

Зикр гардид, ки дар қаламрави вилоят 2600 чорабиниҳои оммавӣ аз қабили аксияву ҳамоишҳо таҳти шиорҳои “Паём – ҳидоятгари худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ”, “Мо - ҷавонон пайрави Пешвои миллат”, “Мо бо Шумоем, Пешвои миллат!”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028”, “Ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат барои оби ошомиданӣ”, “Ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаёти солим”, “Дарахти дӯсти биншон, ки коми дил ба бор орад”, “Ба муҳофизати Ватан омодаем!”, “Хизмат ба Ватан шараф аст!” ва “Садоқат ба Пешвои миллат – садоқат ба Ватан!” бо иштироки 463 ҳазору 859 нафар ҷавонону наврасон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба мазмуну муҳтавои Паёми Пешвои миллат 368 чорабинӣ бо фарогирии 67325 нафар ҷавонон мулоқоту вохўриҳо дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳо доир карда шуд, ки дар умум 481 мулоқоту вохўриҳо бо фарогирии 84625 нафар ҷавонон ташкил гардиданд.

Ҳамзамон бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст дар вилоят беш аз 100 чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ ва солимгардонӣ таҳти унвони “Пойтахт тараннумгари музаффариятҳои мо ҷавонон ва варзишгарон” бо иштироки зиёда аз 43500 нафар ҷавонон (15000 нафар духтарон) роҳандозӣ гардид.

Чун анаъана чорабинии сиёсиву фарҳангии таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилоят моҳи майи соли равон дар муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангӣ – таърихии Истиқлол» таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат» бо иштироки Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардида, беш аз 10 ҳазор нафар ҷавонон ҷалб карда шуданд.

Гуфта шуд, ки оид ба пешгирии ҷавонон аз бемориҳои сироятии ҷинсӣ аз қабили ВНМО/БПНМ 9 семинар – машварат ва 3 аксияи вилоятӣ таҳти унвони “Ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаёти солим”, “Насли солим - миллати солим” дар маркази шаҳру ноҳияҳои вилоят доир гардиданд, ки ба ин чорабиниҳо зиёда аз 3 ҳазору 905 нафар ҷавонони касбу кори гуногун фаро гирифта шуданд. Инчунин, аз ҷониби волонтёрон зиёда аз 2 ҳазору 526 варақаҳои иттилоотӣ ба иштирокчиён дар мавзўҳои гузариш ва пешгирии ВНМО/БПНМ, оқибатҳои нашъамандӣ тақсим карда шуданд.

Дар шашмоҳаи аввали соли 2018 30 иншоотҳои варзишии нав, 4 толори варзишӣ, 25 майдончаи варзишӣ, 1 маҷмааи варзишӣ дар вилоят мавриди истифода қарор гирифт. Маблағи иншоотҳои варзишӣ аз ҳисоби буҷет 5 миллиону 116 ҳазору 460 сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи 7 миллиону 875 ҳазор сомонӣ сохта ва мавриди истифода қарор дода шуд.

Қайд карда шуд, ки дар вилоят 674 мусобиқа аз рўи 20 намуди варзиш бо фарогирии 130500 варзишгар (45287 бонувон) баргузор гардид. То имрӯз 1483 варзишгар, аз ҷумла 283 духтар дар 43 мусобиқаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 16 мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ - 65 варзишгар, аз ҷумла 8 духтар ширкат намудаанд ва дар сатҳи вилоят соҳиби 3564 тилло, 3617 нуқра, 4591 биринҷӣ (ҷамъ 11772), дар сатҳи ҷумҳуриявӣ 254 тилло, 220 нуқра, 329 биринҷӣ (ҷамъ 803) ва дар сатҳи байналмилалӣ 14 тилло, 10 нуқра, 15 биринҷӣ (ҷамъ 39) гардиданд.

 
Другие материалы в этой категории: « Мо ба тақдири ояндаи худ бетараф нестем!

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо