wrapper

Мо ба тақдири ояндаи худ бетараф нестем!

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши наврасону ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон, даст кашидан аз амалҳои номатлуб, ҳамроҳ нашудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, тартиби одоби ҳамидаи инсонӣ, санаи 24 июли соли равон дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раëсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар аксияи тарғиботӣ таҳти унвони "Мо ба тақдири ояндаи худ бетараф нестем!" бо ҷалби волонтëрони Раëсат ва бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Исфара дар кӯчаву хиëбонҳо, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва бозори шаҳри Исфара ташкил ва баргузор гардид.

Терроризм ва экстримизм аз мушкилоти асосии ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад, ки новобаста аз шакли идоракунӣ ба тамоми мамолики олам, аз ҷумла кишвари мо беасар нест. Терроризм ва ифротгароӣ дар ниҳоди худ зуҳуроти номатлуб аст, дар замони имрӯза бештар шудааст. Ин зуҳурот боиси ба миëн омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ë истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии давлатҳо, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гузашта метавонад. Аммо ҳар як зуҳурот заминаи пайдоиш дорад. Ба назари мо шакли ибтидоии тавлиди террроризм ин ифротгароӣ, экстремизм, радикализм мебошад. Яъне чизеро бо тундӣ хостан ва ба чизе бо тундӣ зиддият нишон додан - зикр гардид, дар рафти аксия аз тарафи волонтëрон.

 

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо