wrapper

Изҳороти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд оид ба фоҷеаи ба ҳалокат расидани сайёҳони хориҷӣ, ки рӯзи 29 июли соли 2018 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон рух додааст.

Ҷавонони вилоят фоҷеаи пахш гардидадни чор нафар сайёҳони велоспедрони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Шоҳигарии Нидерландия ва Конфедератсияи Шветсария дар яке аз шоҳроҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ронандаи автомобилро бо андӯҳ ва таассуфи бепоён қабул карданд.

Гумроҳгаштагон ё худ халалдор кунандагони суботи кишвар сабаб гардидан, ки чунин фалокат ба вуқӯъ пайвандад. Вале, ин рафторҳои хоинонаи шахсони ҷинояткор, ки новобаста аз эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин амалӣ золимонаро содир намуданд боиси ғамгинии ҷавонони вилоят гардид.
Боварӣ ба он дорем, ки фоҷеаи мазкур фаъолияти ҳар яки моро нисбати “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои марумӣ” коста намегардонад ва дар назди мо ҷавонон вазифа мегузорад, ки дар навбати аввал ба сайёҳон маданияти воллои худро нишон дода, манбаъд ба содир шудани чунин фоҷеаҳо роҳ надиҳем.
Ҳамзамон Раёсат ҳамдардии кули ҷавонони вилоятро ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон расонада, боварӣ ба он дорад, ки содиркунандагони ҷинояти мазкур бе ҷазо нахоҳанд монд.

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо